Аз оғози ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон ва зарбаи Ҷумҳурии Исломӣ ба Исроил ва пойгоҳҳо ва зерсохтҳои Амрико дар Ховари Миёна ба ду ҳафта сипарӣ мешавад. Давоми шабонарӯзи гузашта Доналд Трамп таҳдиди аз байн бурдани зерсохтҳои барқии Эронро карда, Алии Лориҷонӣ ба ӯ посух гуфт. Ҳамчунин, ба Теҳрон ва чанд шаҳри дигари Эрон ҳамла шуд. Муҳимтарин ҳаводиси Ховари Миёнаро давоми шабонарӯзи гузашта дар ин матлаби мо хонед.
Таҳдиди Трамп ва посухи Лориҷонӣ
Алии Лориҷонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон 12-уми март дар шабакаи “Х” дар посух ба таҳдиди Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар бораи аз байн бурдани барқи Эрон навишт, ки “агар ин корро кунад, зарфи ним соат кулли минтақа дучори хомушӣ мешавад ва торикӣ барои шикори низомиёни фирории Амрико дар минтақа фурсати хуберо фароҳам меорад”.
Пеш аз ин Доналд Трамп иддао карда буд, ки “метавонем зарфи ним соат барқи Эронро аз байн барем, аммо ин корро накардем”.
Алии Лориҷонӣ ба иддаоҳои Трамп, ки гуфт, “бояд дар ин ҷанг ба суръат пирӯз шавем”, навишт, ки “шуруи ҷанг осон аст, вале поёни он бо чанд твит (фириста дар шабакаҳои иҷтимоӣ) поён намепазирад. Раҳоятон намекунем, то хатои худро напазиред ва товони онро надиҳед”.
Идомаи ҳамлаҳои тарафҳо
Бомдоди ҷумъаи 13-уми март Амрикову Исроил ба шаҳрҳои Теҳрон, Караҷ, Арок ҳамла кардаанд. Хабаргузории “Тасним” аз ҳамлаҳои ҳавоӣ, аз ҷулма, аз шунида шудани садои таркиш дар ҷануби Теҳрон хабар дод. Пеш аз ин, артиши Исроил гуфта буд, ки ба Теҳрон ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом додааст.
Хабаргузории “Форс” хабар дод, ки бомдоди 13-уми март ба чанд нуқтаи пойтахт ҳамлаи ҳавоӣ шуд.
Хабаргузории “Садо ва симо”-и Эрон мегӯяд, ки дар пайи ҳамлаҳои мушакии шаби гузашта ба як манзили маскунӣ дар шаҳри Қудс 2 кӯдак кушта шуда, 17 тани дигар захмӣ шудаанд.
Раиси Созмони низоми пизишкии Эрон гуфтааст, дар пайи ҳамлаҳои Амрикову Исроил дар умум беш аз 20 беморхона, марказҳои дармонӣ ва ёрии таъҷилӣ осеб дидааст.
“BBC” менависад, ки атрофи “Бурҷи Озодӣ”, ки намоди шаҳри Теҳрон ва аз осори милли Эрон ба шумор меравад, бар асари таркишҳо осеб дидааст.
Зимнан, дар посух ба ин ҳамлаҳо Эрон гуфт, ба Исроил, аз ҷумла маркази ситоди фармондеҳии ин кишвар зарба задааст.
Сипоҳи посдорон низ иттилоъ дод, ки дар мавҷи нави ҳамлаҳои худ Ҳайфо ва чанд шаҳри дигарро ҳадаф қарор дода, ба чандин пойгоҳҳои дигари Исроил ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳподӣ анҷом додааст.
Тибқи иттилои Вазорати тандурустии Исроил танҳо дар шабонарӯзи гузаша 213 нафар дар пайи ҳамлаҳои Эрон ҷароҳат бардоштааст. “The Times Of Israel” навиштааст, ки аз оғози даргирӣ дар умум 2 ҳазору 975 тан маҷрӯҳ гаштааст.
Ҳамлаҳои Эрон дар ҳолест, ки Бенямин Натаняҳу, сарвазири Исроил,рӯзи 12-уми март дар паёме гуфтааст, ки “Эрон ва “Ҳизбуллоҳ” дигар он таҳдиди қаблӣ нестанд”.
Ин аввалин паёми ӯ пас аз ҳамлаҳои якҷоя бо Амрико ба Эрон аст, ки дар макони номушахасе сабт шудааст.
“Суқут”-и ҳавопаймои сӯхтрасони Амрико дар Ироқ
Фармондеҳии марказии Амрико эълон кард, ки як ҳавопаймои сӯхтрасони “KC-135 ” ин кишвар дар ҷараёни ҳамла ба Эрон дар ғарби Ироқ “суқут” кардааст. Вале гурӯҳи Муқовимати исломӣ дар Ироқ гуфтааст, ки онҳо ин ҳавопайморо ҳадаф қарор додаанд.
Фармондеҳии марказии Амрико рӯзи 12-уми март гуфт, ки дар ҷараёни ҳамла ду ҳавопаймои сӯхтрасони амрикоӣ ширкат дошт, ки яке “суқут карда”, дуюмӣ “бомувафаққият” фуруд омадааст. Ин ниҳод иддао кардааст, ки ҳавопаймояшро “бар асари оташи душман ё оташи худӣ” аз даст надодааст.
То ҳол аз кушта шудани 4 сарнишини ин тайёра хабар нашр шудааст.
Хабаргузори “Ройтерз” навишт, гурӯҳи Муқовимати исломӣ дар Ироқ масъулияти сарнагун кардани ҳавопаймои амрикоиро бар уҳда гирифтааст. Ин гурӯҳ эълон кардааст, ки “барои дифоъ аз соҳибихтиёрии миллӣ ва фазои ҳавоии Ироқ" ҳавопаймои сӯхтрасони Амрикоро ҳадаф қарор додааст.
Ҳавопаймои сӯхтрасони “KC-135” дар ҷараёни ҷанг дар осмон ба ҷангандаҳо сӯзишворӣ медиҳад.
Вазъ дар кишварҳои дигари Ховари Миёна
Дар ҳамин ҳол, шаби гузашта ҳамлаҳои Исроил ба Лубнон ва зарбаи “Ҳизбуллоҳ” ба пойгоҳҳои Исроил идома дошт.
Артиши Исроил аз ҳамла ба Бейрут хабар дода, гуфтааст, “зерсохтҳои “Ҳизбуллоҳ”” ҳадафи ин ҳамлаҳо будааст. “Ҳизбуллоҳ” низ мегӯяд, чанд пойгоҳҳи Исроилро ҳадафи ҳамла қарор додааст.
Дар зимн, 13-уми март як сарбози фаронсавӣ дар Ирбили Ироқ кушта шудааст.
Эмануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса 11-уми март дар саҳифаи “Х”-и худ навишт, ки “ин узви нерӯҳои мусаллаҳ дар як ҳамла кушта шудааст” ва илова кардааст, ки чанд сарбози дигар захмӣ шудааст.
Пеш аз ин навишта, артиши Фаронса эълон карда буд, ки теъдоде аз нерӯҳояш дар пайи ҳамлаи паҳподӣ ҳадаф қарор гирифтаанд.
Ин аввалин сарбози фаронсавӣ мебошад, ки аз оғози ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон ва посухи Ҷумҳурии Исломӣ дар Ховари Миёна кушта мешавад.
Ҳамчунин, дар минтақаи Ирбили Ироқ ба пойгоҳҳои низомии Бритониё ва Амрико ҳамла шудааст. “The Times Of Israel” навиштааст, ки дар ин ҳамлаҳо чанд сарбози амрикоӣ захмӣ шудааст.
Қаблан хабаргузории “Ройтерз” аз қавли мақомоти фаронсавӣ навишта буд, ки дар ин ҳодиса 6 сарбоз захмӣ шуда буд.
Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна, вазъи тоҷикистониҳо дар ин кишварҳо дар ин бахши махсуси "Азия-Плюс" огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон





