Душанбе. 20-уми июл – Мусобиқоти ниҳоии
Ҷ
оми раиси Конфедератсияи футболи Осиё-2009 барои аввалин бор дар шаҳри Турсунзодаи То
ҷ
икистон баргузор хоҳад шуд.
Бозии ниманиҳоии
Ҷ
оми раиси Конфедератсияи футболи Осиё 25-уми сентябр ва бозии ниҳо
ӣ
27-уми сентябр дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода барпо мешаванд.
Ба ғайр аз дастаи мизбон – «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, қаҳрамони футболи То
ҷ
икистон, инчунин, дар сабқати ниҳо
ӣ
се тими дигар – «Дордой-Динамо»-и Қирғизистон, «Ишқобод»-и Туркманистон ва ВАПДА-и Покистон ширкат хоҳанд кард.
Қуръаандозии бозиҳои ниманиҳо
ӣ
22-юми июл дар пойтахти Малайзиё – шаҳри Куала-Лумпур доир мешавад.
Мусобиқот барои дарёфти
Ҷ
оми раиси AFC аз соли 2005 барои пан
ҷ
умин бор баргузор хоҳад шуд. Дастаҳои «Регар» ТадАЗ ва «Дордой-Динамо» дубор
ӣ
барандаи ин
Ҷ
ом гардидаанд.
Дар мусобиқаи соли гузашта дар шаҳри Бишкек «Регар» ТадАЗ дар бозии ниҳо
ӣ
бар тими мизбон – «Дордой-Динамо» аз р
ӯ
и силсилаи пенолти ғолиб шуда буд. Дар ин бора бо истинод ба гуфтаҳои Шерал
ӣ
Давлатов, дабири кулли Федератсияи футболи То
ҷ
икистон бахши тоҷикии сомонаи радиои «Озодӣ хабар медиҳад.