Сисолагии “Азия-Плюс”-ро на танҳо шарикону сарпарастон, ҳамкасбону ҳаводорон ва хонандагон аз дохили Тоҷикистон, ҳамчунин берун аз он табрик мекунанд. Аз ҷумла, дирӯз аз номи Маркази ҷумҳуриявии тоҷикони Қазоқистон ба унвонии мо номаи табрикотӣ расид.
Дар ин паём, ки аз номи Акбарҷон Исмоилов, роҳбари марказ ирсол шуд, аз ҷумла зикр мешавад, ки дар тӯли се даҳсола, “Азия Плюс” роҳи назарраси рушду нумӯро тай карда, ба рамзи журналистикаи мустақил, касбӣ ва масъулиятшинос дар Тоҷикистон табдил ёфт.
Ӯ ҳамчунин, саҳми расонаро дар тақвияти фазои иттилоотӣ, ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ва пешбурди принсипҳои ошкорбаёнӣ ва муколамаи озод махсус таъкид кардааст.
“Ҳамчун намояндаи тоҷикони Қазоқистон ва ҳамчун шаҳрванди Қазоқистон, ман мехоҳам нақши “Азия Плюс”-ро дар ҳаёти тоҷикони муқими Қазоқистон махсусан таъкид кунам. Солҳои зиёд маҳз тавассути нашрияи шумо ҳазорҳо ҳамватанони мо маълумоти зарурӣ, боэътимод ва муҳимро дар бораи рӯйдодҳои Тоҷикистон гирифтаанд. Дар айни замон, шумо мунтазам дар бораи ҳаёти тоҷикони Қазоқистон маълумот медиҳед ва дастовардҳо, ташаббусҳо ва саҳми онҳоро дар ҷомеа таъкид мекунед”, – зикр мешавад дар номаи табрикотии Марказ.
Исмоилов дар номаи худ аҳамияти кори расонаро дар таҳкими робитаҳо байни Қазоқистон ва Тоҷикистон таъкид карда, гуфтааст, ки “моро таърихи муштарак, арзишҳои маънавӣ, эҳтироми мутақобила ва кушиши рушд ва шукуфоӣ муттаҳид мекунад”.
Дар охир, ӯ ба тими “Азия Плюс” муваффақият, фатҳи қуллаҳои нави касбӣ, илҳоми эҷодӣ, субот ва шукуфоӣ орзу кардааст.
Ёдовар мешавем, ки 2-юми апрел соли 1996 аввалин варақаи иттилоотӣ – таҳлилии “Азия-Плюс” ба наш расид. Нашри ин варақаи иттилоотӣ таҳлилӣ, ба ташаккули Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” оғоз бахшид.
Он имрӯз ҳафтанома, радио ва оҷонсии иттилоотиро муттаҳид мекунад ва барои миллионҳо мухотаби худ бо се забон – забони давлатӣ, яъне тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мӯҳтавои босифат ва боэътимод таҳияву пешниҳод менамояд.


