ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ
– Имрӯз соати 17:00 дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ намоиши “Ман кистам?” (“Кто Я”) ба саҳна гузошта мешавад. Арзиши билет аз 50 то 80 сомонӣ вобаста ба ҷойи нишаст буда, дар сомонаи chipta.tj дастрас аст.

– Имрӯз соати 11:00 дар Тетари давлатии лӯхтак дар шаҳри Душанбе намоиши ҷашнии “Наврӯзи аҷам” ба саҳна гузошта мешавад. Арзиши билет барои вуруд 25 сомона буда, аз сомонаи ticketon метавон дастрас кард.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Соли 1930 – Экспедитсияи тоҷикӣ-помирии Академияи илмҳои СССР ташкил шуд.
Соли 1930 – Рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” таъсис ёфт, ки баъдан номи он ба “Ҷавонони Тоҷикистон” иваз шуд.
Соли 2010 – Дабири кулли СММ Пан Ги Мун ба шаҳри Душанбе омад.
Соли 2019 – Дар Душанбе ҷаласаи комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон баргузор шуд. Дар он ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар қитъаҳои баҳсноки сарҳад аз иғвоангезӣ пешгирӣ кунанд.
Ахиран, масоили марзӣ ҳаллӣ худро ёфт ва 31-уми март дар Хуҷанд президентони ду кишвар созишномаи ниҳоиро ба имзо расониданд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1950 – Мавлуди Бекмуҳаммад Асомуддинов, ҳунарпешаи театр.
Соли 1962 – Зодрӯзи Моҳрухсор Сафиева, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.
Моҳрухсор Сафиева, ки соли 2023 ба унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон мушарраф гардид, хатмкардаи Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзода буда, фаъолияти ҳунариашро дар ансамбли фолклорӣ-этнографии “Ганҷина”-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба ҳайси сароянда оғоз намудааст.
Соли 1989 узви дастаи навтаъсиси “Дарё”-и Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ гардид ва соли 2004 ба ансамбли навтаъсиси дигари ҳамин кумита “Фалак” гузашт.
Ӯ дар иҷрои сурудҳои халқию фалакӣ маҳорат дорад. “Нолаи дутор”, “Модар”, “Муҳаббат”, “Садқаи номат шавам”, “Афсонаи най”, “Афсуни вафо”, “Ёри ранҷида”, “Худо ёрат бод”, “Ҷони миллат”, “Шаб мегузарад” намунаи таронаҳояш мебошанд.
Соли 1972 – Зодрӯзи Қудрат Давлатзода, иқтисоддони тоҷик, доктори илмҳои иқтисод, профессор, узви Кумитаи Маҷлиси миллӣ.
Соли 1981 – Мавлуди Абдулфаттоҳ Аминзода, фолклоршинос ва фарҳангшиноси тоҷик, директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанг.
Соли 2003 – Гулчеҳра Сулаймонӣ, Шоири халқии Тоҷикистон дар синни 75-солагӣ аз олам даргузашт.

Гулчеҳра Сулаймонӣ хонаводаи шоири шаҳиру навовар Пайрав Сулаймонӣ дар шаҳри Бухоро ба дунё омадааст. Ӯ яке аз шоирони бачагонаи тоҷик буд ва барои кӯдакон шеърҳои ҷолибу самимӣ эҷод кардааст, ки “Бибиҷонам меояд” намунаи беҳтарини онҳост.
Гулчеҳра Сулаймонӣ то соли 1988 дар маҷаллаву рӯзномаҳои гуногуни кишвар фаъоляит мекард ва машғули кори эҷодӣ буд. Ӯ муаллифи беш аз 20 маҷмӯаи ашъор мебошад.
“Чил кокули бозигар”, “Имрӯз ид”, “Ду бех олу”, “Чархофалак”, “Лолаҳои дасти ман” аз маҷмуаҳои таълифнамудаи мавсуфанд.
Соли 2018 – Мирзо Аҳмадзода, адабиётшинос ва шарқшиниси тоҷик дар 87-солагӣ даргузашт.
Соли 2021 – Иқбол Тешаев (Илёсзода), журналист, сухангӯи пешини ҳукумати шаҳри Исфара дар 51-солагӣ аз олам даргузашт.

Иқбол Тешаев солҳи ахири зиндагиаш ба унвони сухангӯи ҳукумати шаҳри Исфара дар баҳсҳои марзӣ бо кишвари ҳамсояи Қирғизистон хеле фаъол буд. Аз марҳум ба унвони яке аз дастрастарин сухангӯёни ҳукуматҳои маҳаллӣ дар Тоҷикистон ном бурда мешуд.
Ӯ хатмкардаи риштаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд ва дар шаҳри Исфара ҳамчунин як маҷаллаеро бо номи “Ганҷи Исфара” таъсис дода, сардабири он буд.
Соли 2025 – Субҳон Ибодов, физикдон ва ахтаршиноси тоҷик дар синни 81 даргузашт.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
5 апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии ахлоқ таҷлил мешавад. Қарорномаи марбут ба ин сана 25 июли соли 2019 аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ қабул шудааст. Ахлоқ, ки қисман синоними этика ва маърифат аст, навъе аз меъёрҳои иҷтимоӣ ба шумор меравад, ки муносибатҳои байни одамонро дар ҷомеа танзим мекунад.

СММ таъкид мекунад, ки нақши арзишҳои ахлоқӣ дар расидан ба рушди устувори ҷаҳонӣ бузург аст ва ин мутобиқ ба барномаҳо ва вазифаҳои ин ташкилоти байналмилалист.
5 апрели соли 1722 экспедитсияи Якуб Роггевен ҷазираи Пасхаро кашф кард. Голландиҳо аз дидани сокинони ранги пӯсташон сиёҳу сурх ҳайратзада шуданд, вале беш аз он ҳайкалу бутҳои сангини то 20-метра, ки дар соҳил гузошта шуда буданд, онҳоро дар тааҷҷуб монданд.

Имрӯз ҷазираи Пасха ба Чили тааллуқ дорад ва бо ҷазираи Тристан-да-Куня яке аз ҷазираҳои аз ҳама дур аз қитъаҳои аҳолинишин ба шумор меравад. Масофа то соҳили қитъавии Чили 3703 км ва то наздиктарин маҳали зист – ҷазираи Питкерн 1819 км аст.
5 апрели соли 1955 баъди беш аз 50 соли фаъолияти сиёсӣ, Уинстон Черчилл аз мансаби сарвазири Британия истеъфо дод. Ин охирин канораҷӯии ӯ аз мансаб ва сиёсат буд.

Черчилл дар таърихи Британия ҳамчун яке аз чеҳраҳои барҷастаи сиёсии асри ХХ боқӣ мондааст, ки дар давраи ҳукмронии шаш подшоҳ – аз малика Виктория то набераи ӯ Елизаветаи II фаъолият кардааст. Ӯ дипломати моҳир ва сиёсатмадори тавоно буд. Яке аз нишонаҳои иродаи қавии ӯ идомаи ҷанг то ғалаба бар фашистони Олмон новобаста аз мухолифати баъзе аъзои ҳукуматаш мебошад.
Имрӯз Рӯзи байналмилалии шӯрбо аст. Таърихи шӯрбо ҳамқадами таърихи санъати пухтупаз аст. Дар ҳар як кишвар шӯрбо бо услуби миллӣ омода мешаванд. Дар ҷаҳон тақрибан 150 намуди асосии шӯрбо вуҷуд дорад ва ҳар навъ дорои чандин вариант аст.

ВАЗЪИ ҲАВО*
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 21+26º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 11+16º гарм, дар водиҳо шабона 10+15º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 23+28º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 16+21º гарм, дар водиҳо шабона 12+17º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 6+11º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 22+27º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 14+19º гарм, дар водиҳо шабона 10+15º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+9º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 13+18º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 21+23º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 5+10º гарм, дар ғарби вилоят шабона 6+11º гарм, дар шарқи вилоят шабона 2-7º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, рузона асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: рӯзона 23+25º гарм, шабона 12+14º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 23+25º гарм, шабона 13+15º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 26+28º гарм, шабона 13+15º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: рӯзона 16+18º гарм, шабона 7+9º гарм.
*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 5 ба 6-уми апрел ба ҳисоб гирифта шудааст.


