Кумитаи дин аз қаллобӣ дар сафари ҳаҷ ва сарсонии “ҳоҷиҳои тоҷик бо ҳуҷҷатҳои сохта” хабар дод

asia+

Ин ниҳод ба шаҳрвандон ҳушдор додааст, ки ба ширкатҳои сайёҳиву миёнаравҳо бовар накунанд.

Гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо ваъдаи адои ҳаҷҷи фарзӣ ба Арабистони Саудӣ рафта буданд, бо сабаби қалбакӣ будани ҳуҷҷатҳояшон сарсон шуда, аз Кумитаи дин ва Сафорати Тоҷикистон хостаанд, ки онҳоро ба Ватан баргардонанд. Дар ин бора Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим бо нашри як изҳорот хабар дод.

Ба навиштаи ин ниҳод, онҳо бо фиреби нафарони алоҳида, ки мехостанд манфиати молӣ ба даст оранд, ба ҳаҷ рафтаанд ва “ин афрод бо таҳияи бейҷикҳои тақаллубӣ зоиронро бовар кунонидаанд, ки гӯё барои адои маросими ҳаҷ ба онҳо кумак мекунанд. Аммо дар асл, ин ҳуҷҷатҳо ҳеҷ гуна қувваи ҳуқуқӣ надошта, будубоши қонунии шаҳрвандонро дар мавсими ҳаҷ кафолат дода наметавонанд”.

Ба қавли манбаъ, ҳоло ин гурӯҳи шаҳрвандон дар ҳолати душвор қарор дошта, аз Кумитаи дин ва Сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ дархост кардаанд, ки барои баргаштан ба Ватан кумак расонанд.

Кумита таъкид кардааст, ки муҳлати барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо барои мавсими ҳаҷҷи фарзии имсола кайҳо ба анҷом расида, пас аз ин муҳлат ҳеҷ як ширкати сайёҳӣ ё шахси миёнарав имкони таҳияи асноди заруриро надорад.

Кумита аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки ба ваъдаҳои бардурӯғ бовар накунанд ва дар ҳолати рӯбарӯ шудан бо чунин ҳолат, ба телефони боварии Кумита – 221 83 58 муроҷиат кунанд.

Акси марбут аз charitymeals.org

Ин ниҳод мушаххас дар бораи афроде, ки ин гурӯҳи тоҷикистониҳоро ба Арабистон бурдаанд, маълумот надодааст ва ҳамин тариқ, маълум нест, ки онҳо барои ин кор боздошт ва ё муҷозот шудаанд ё не.

Ин бори аввал нест, ки шаҳрвандони Тоҷикистон фирефтаи ваъдаҳои ширкатҳои хусусӣ ё миёнаравҳо мешаванд. Дар солҳои пеш низ ҳолатҳое ба қайд гирифта шуда буданд, ки зоирон бо ҳуҷҷатҳои нодуруст то марзи Арабистони Саудӣ рафта, вале аз ҷониби пулиси ин кишвар боздошт ва ба Ватан баргардонида шуданд.

Қаблан ҳам Кумитаи дин аз шаҳрвандон хоста буд, ки танҳо бо роҳҳои расмӣ ба сафари ҳаҷҷи фарзӣ раванд. Мақомот борҳо ҳушдор додаанд, ки истифода аз раводидҳои (виза) сайёҳӣ, корӣ ё дигар навъи ҳуҷҷатҳо барои адои маросими ҳаҷҷи фарзӣ тибқи қонунҳои Арабистони Саудӣ манъ аст ва боиси ҷаримаву ихроҷи зоирон мегардад.

Нархи сафари ҳаҷҷи фарзӣ тариқи квотаи расмӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар соли 2026-ум 53 ҳазор сомонӣ, яъне наздики 4 ҳазор сомонӣ арзонтар нисбат ба соли гузашта муайян шудааст.

Бо тағйирот дар ҳаҷ дар ин матлаби мо маълумоти комил дарёбед: “Тағйироти ҳатмӣ дар Ҳаҷ – 2026. Барномаи “Нусук” чист ва он чӣ имкониятҳо дорад?”.

Ёдрас мешавем, ки ҳар сол ҳазорон нафар аз Тоҷикистон тавассути квотаҳои расмӣ ба зиёрати хонаи Худо мераванд ва тамоми раванди сафари онҳо зери назорати мақомот қарор дорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Даст ба амалҳои ношоиста мезананд”. Интиқоди додситони Суғд аз кирдори баъзе зердастонаш

Ду моҳ пеш додситони шаҳри Хуҷанд дар пайи муноқиша бо молики тарабхонаи “Парламент”-и шаҳр аз вазифа барканор шуда буд.

“Се моҳ боз ҷустуҷӯ дорем”. Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бедарак шудааст

Талошҳои хонаводааш барои дарёфти ӯ то ҳол бенатиҷа будааст.

Тоҷикистон аз созиши оташбас миёни Эрон ва Амрико истиқбол кард

Тоҷикистон аз тарафҳои даргир хостааст, ки аз истифодаи қувваи низомӣ даст кашанд.

Ду нишони биринҷӣ ва роҳхат ба даври ниҳоӣ. Дастоварди муштзанони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё

Дар ин мусобиқот беш аз 230 варзишгар аз 25 кишвари саросари дунё ширкат доранд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 62

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ведомости”: Соли гузашта 950 ҳазор муҳоҷир аз Тоҷикистон ба Русия рафтаанд

Ду кишвар ба ҷорисозии низоми ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирон омодагӣ мегиранд.

Амрико ва Эрон бо оташбаси дуҳафтаӣ мувофиқат кардаанд

Исроил онро пуштибонӣ кард, аммо мегӯяд, он Лубнонро дар бар намегирад