“Бо баҳонаи фиристодан ба Ҳаҷ” Боздошти мӯйсафеди 73-сола барои қаллобӣ

Як сокини 73-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо гумони силсилаи қаллобиҳо барои фиристодани аҳолӣ ба Ҳаҷ боздошт ва бар зиддаш парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД) хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, ӯ бо баҳонаи ба сафари Ҳаҷ равон кардан аз 4 мард 23 ҳазору 800 доллари амрикоӣ гирифтааст. Ин ниҳод гуфтааст, вай бори аввал моҳи октябри […]

Меҳрофарин Наҷибӣ,Asia-Plus

Як сокини 73-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо гумони силсилаи қаллобиҳо барои фиристодани аҳолӣ ба Ҳаҷ боздошт ва бар зиддаш парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД) хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, ӯ бо баҳонаи ба сафари Ҳаҷ равон кардан аз 4 мард 23 ҳазору 800 доллари амрикоӣ гирифтааст.

Ин ниҳод гуфтааст, вай бори аввал моҳи октябри соли 2010 бо роҳи фиреб ба боварии марди 51-солаи сокини шаҳри Гулистон даромада, бо баҳонаи ба зиёрати Каъба ба Арабистони Саудӣ равон кардан, аз ӯ 8 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.

“Номбурда бо ҳамин роҳ соли 2010 ба боварии марди 50-солаи сокини ноҳияи мазкур даромада, бо баҳонаи ба сафари ҳаҷ зиёрати хонаи “Каъба” ба Арабистони Саудӣ равон кардан, аз ӯ 3 ҳазору 800 доллари амрикоӣ гирифта ба манфиати шахсиаш сарф намудааст”, – менависад манбаъ.

Ҳамзамон, гумонбаршаванда соли 2010 ба боварии ду марди 47 ва 50-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров даромада, аз яке 8 ҳазор доллари амрикоӣ ва аз дигарӣ 4 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.

Нисбати мӯйсафеди 73-сола бо гумони қаллобӣ ба миқдори махсусан калон (247 қисми 4- и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон) парвандаи ҷиноятӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.

ВКД аз ин мард ном набурдааст ва танҳо ишора кардааст, ки аз ин пеш ҳам ӯ бо қаллобӣ ба миқдори махсусан калон (моддаи 247 қисми 4) суд шуда буд.

Маросими Ҳаҷ ё зиёрати хонаи Худо –Каъба яке аз рукнҳои фарзии дини ислом аст ва ҳамасола дар баробари дигар мусулмонон садҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам ба зиёрати Ҳаҷ мераванд.

Арабистони Саудӣ ҳамчун мизбон ҳамасола барои кишварҳо квотаи мушаххас ҷудо мекунад ва имсол барои Тоҷикистон 7 ҳазор квотаи Ҳаҷҷи фарзӣ ҷудо кардааст. Ҳазорон нафари дигар давоми сол ба Ҳаҷҷи умра низ мераванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.