Зодаи Тоҷикистонро дар Олмон дар маблағгузорӣ ба ДОИШ гумонбар медонанд

Дар шимоли Олмон ба зодаи 29-солаи Тоҷикистон дар маблағгузорӣ ба фаъолияти созмони террористии “Давлати исломӣ” (ДОИШ) айбнома пешниҳод шудааст. Прокуратураи генералии Гамбург зодаи Тоҷикистонро, ки маълумоти шахсии ӯ оварда нашудааст, дар миёнаравӣ ба расонидани кумаки молиявӣ ба аъзои ДОИШ, ки дар Сурия ва Ироқ боздошт шудаанд, айбдор мекунад. “Ӯ ҳадаф дошт, ки аз занони бевамонда […]

Дар шимоли Олмон ба зодаи 29-солаи Тоҷикистон дар маблағгузорӣ ба фаъолияти созмони террористии “Давлати исломӣ” (ДОИШ) айбнома пешниҳод шудааст.

Прокуратураи генералии Гамбург зодаи Тоҷикистонро, ки маълумоти шахсии ӯ оварда нашудааст, дар миёнаравӣ ба расонидани кумаки молиявӣ ба аъзои ДОИШ, ки дар Сурия ва Ироқ боздошт шудаанд, айбдор мекунад.

“Ӯ ҳадаф дошт, ки аз занони бевамонда ва ятимони аъзои кушташудаи созмони “Давлати исломӣ” ва занони маҳбус дастгирӣ кунад”, – менависад нашрияи "Hamburger Abendblatt".

Гуфта мешавад, аввали соли 2020 ин мард ҳам бо маҳкумшудагон ва ҳам сарпарастон робита доштааст.

Тибқи маълумоти Прокуратураи генералӣ, ин мард дар Мекленбурге-Передняя Померания иқомат дошта, ҳоло ба ҳабс гирифта нашудааст.

“Эҳтимолияти бегуноҳӣ то анҷоми пурраи парванааи ҷиноятӣ мавриди амал қарор мегирад. Дар сурати гунаҳкор эътироф шудан, мард ба муҳлати аз 1 то 10 сол аз озодӣ маҳрум шуда метавонад”, – иттилоъ медиҳад нашрия.

Ин бори аввал нест, ки зодаи Тоҷикистонро дар Олмон ба ҳамкорӣ бо “Давлати исломӣ” гунаҳкор мекунанд. Моҳи июни соли 2022 суди шаҳри Дюсселдорфи Олмон панҷ нафар зодаи Тоҷикистонро барои ҳамкорӣ бо гурӯҳи террористии ДОИШ ва омода кардани амалҳои террористӣ дар ин кишвар ба муҳлатҳои гуногуни зиндон маҳкум кард.

Дар ҳамин вақт Суди ҳарбии ҳавзаи ҷануб (ҳокимияти судиро аз рӯи қаламрав дар 15 субъекти Русия амалӣ мекунад) зодаи Тоҷикистон Файзалӣ Ҳалимхоновро барои он, ки ҳангоми дар шаҳри Волгоград қарор доштанаш ба корти бонкии аз ҷониби иштирокии ДОИШ додашуда 3 ҳазор рубл гузаронидааст, ба 9 соли зиндон маҳкум кард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.