Хабарҳо аз нақзи оташбас ва таҳдиди тарафҳо барои оғози ҳамлаҳо. Рӯзи аввали эълони оташбаси Эрону Амрико чӣ гуна гузашт?

Таҳияи asia+

Эрон мегӯяд, гулугоҳи Ҳурмуз баста аст, Исроил ба Лубнон ҳамлаи шадид кард.

Як рӯз пас аз эълони оташбаси дуҳафтаина байни Эрон ва Амрико, гулӯгоҳи Ҳурмуз амалан баста боқӣ мемонад ва ҳамлаҳои нерӯҳои Исроил ба ҷануби Лубнон идома дорад. ИМА ва Исроил иддао доранд, ки созишномаи оташбас ба Лубнон дахл надорад, дар ҳоле ки мақомоти Эрон баръакс талаб мекунанд, ки ҳамлаҳо қатъ карда шаванд.

Бо вуҷуди иддаоҳои президенти ИМА, ки Теҳрон ба кушодани “пурра ва фаврӣ”-и гулӯгоҳи Ҳурмуз розӣ шудааст, танҳо чанд киштӣ, рӯзи чоршанбе тавонистанд аз он убур кунанд ва Сипоҳи посдорони Эрон таҳдид кардааст, ки ҳар гуна кӯшиши убури беиҷозатро аз гулугоҳ нобуд мекунад.

теҳрон, рӯзи 8-уми апрел.
Акс аз Getty Images

Кохи Сафед эълон кард, ки ҳайати музокиракунанда аз ин кишварро Ҷи Ди Вэнс, муовини раисҷумҳури Амрико роҳбарӣ мекунад ва расонаҳо аз Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон ҳамчун роҳбари музокирот аз сӯи Эрон ном мебаранд.

Мо дар бораи рӯйдодҳои асосии рӯзи аввали оташбас дар Ховари Миёна гузориш медиҳем.

Изҳорот ва таҳдиди ду тараф барои аз сар гирифтани ҳамлаҳо

Бори аввал дар бораи нақзи эълони оташбас, расман Шаҳбоз Шариф, сарвазири Покистон ки нақши миёнҷигарро иҷро мекунад, рӯзи гузашта хабар дод ва гуфт, ин ҳамлаҳои раванди сулҳро халалдор месозанд.

Ӯ дар фиристае дар саҳифаи “Х”-и худ тарафҳоро ба риояи оташбаси мувофиқашуда даъват кард.

Дар ҳамин ҳол, Муҳаммадбоқир Қолибоф шаби 8-уми апрел дар саҳифаи “Х”-и худ навишт, ки дирӯз се банди калидӣ аз ин тарҳ нақз шудааст ва пас аз ин, на оташбаси дутарафа маънодор аст ва на музокират.

Қолибоф ба ҳамлаҳои Исроил ба Лубнон, вуруди паҳпод ба осмони Эрон ва “инкори ҳаққи ғанисозии Эрон” ишора карда, изҳор дошт, ки “ҳатто пеш аз оғози музокирот, се банди калидии он ба сурати ошкор нақз шудааст”.

Дар ҳамин ҳол, Ҷи Ди Вэнс иддао кард, ки Иёлоти Муттаҳида ҳаргиз ваъдаи оташбас дар Лубнонро надодааст. Дар ҳоле ки дирӯз, Эрон ва Покистон эълон кардаанд, ки Лубнон ҳам шомили оташбас мешавад.

Ӯ гуфтааст, “оташбасҳо ҳамеша печида ҳастанд ва ҳаргиз бидуни каме беназмӣ пеш намеравад”.

Вэнс инчунин изҳор доштааст, ки бархе ҳарфҳое, ки Муҳаммадбоқир Қолибоф гуфтааст, “дар чорчуби музокироте, ки доштаем, маъное надошт”.

Акс аз Getty Images,
Теҳрон

Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон низ, ба нақзи оташбас вокуниш карда, таъкид кардааст, ки Амрико бояд миёни оташбас ва идомаи ҷанг аз тариқи Исроил якеро интихоб кунад.

Ӯ дар саҳифаи “Х”-и худ навишт, “ҷаҳон дар ҳоли мушоҳидаи кушторҳо дар Лубнон аст. Акнун туп дар замини Амрико қарор дорад ва афкори умумии ҷаҳонӣ наззорагари он аст, ки оё ин кишвар ба аҳди худ амал хоҳад кард ё не”.

Дар зимн, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико шаби 8-уми апрел дар замони оташбас бори дигар Эронро таҳдид кардааст, ки дар сурати иҷро нашудани “тавофуқи воқеӣ” ҳамлаҳоро дубора аз сар мегирад.

Нақзи эълони оташбас

Дирӯз, чанд соат пас аз эълони оташбас, Исроил ҳамлаҳои шадид ба Бейрут, пойтахти Лубнон ва ҷануби ин кишвар анҷом дод, ки тибқи иттилои охир танҳо рӯзи 8-уми апрел дар ҳамлаҳои Исроил 254 нафар кушта ва 1 ҳазору 165 нафар маҷрӯҳ шудааст. Дар пайи ин 9-уми апрел дар Лубнон мотами миллӣ эълон шудааст. Ба иттилои шабакаи “Ал-Ҷазира” ҳамлаи Исроил рӯзи 9-уми апрел низ идома доштааст.

Антониу Гуттериш, дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид ҳамлаҳои рӯзи гузаштаи Исроил ба Лубнонро маҳкум карда, ҳушдор додааст, ки идомаи ин ҳамлаҳо оташбаси Эрон ва Амрикоро низ ба хатар меандозад.

Ҳамлаҳои ИСроил ба Бейрут, Акс аз Getty Images

Дар посух ба нақзи оташбас аз ҷониби Исроил ва ҳамла ба Лубнон, гурӯҳи “Ҳизбуллоҳ” низ ба Исроил зарба задааст. Дар задухурди нерӯҳои Исроил ва ин гурӯҳ, як сарбози исроилии дигар кушта шудааст.

Сипоҳи посдорони Эрон таҳдид кард, ки агар ҳамла ба Лубнон қатъ нашавад, ҳамлаҳои худро дар минтақа идома хоҳад дод.

Ҳамчунин, дирӯз, Эрон хабар дод, ки раванди оташбас нақз шуда, ба хоки ин кишвар ҳамла шудааст. Аз ҷумла дирӯз ба ҷазираи Лавон зарба задаанд. Ҳамчунин, дар Теҳрон садои падофанд шунида шуда, дар вилояти Форс аз ҳамлаи паҳподӣ раҳгирӣ кардаанд.

Соате пас аз ҳамла ба ҷазираи Лавон мақомоти Иморот ва Кувайт эълон карданд, ки Эрон бо мушаку паҳпод ба хоки онҳо ҳамла кардааст. Арабситони Саудӣ низ аз ҳамлаи паҳподӣ ва раҳгирии он хабар дод.

Артиши Кувайт дар изҳороте гуфтааст, ки “28 паҳпод” ба ин кишвар шиллик шудааст, вале “теъдоди зиёд”-и онҳоро раҳгирӣ кардааст. Аммо ба гуфтаи ин ниҳод, ҳамлаи дирӯз “ба таъсисоти нафтӣ, нерӯгоҳҳои барқӣ ва обширинкун”-и Кувайт “зарари назаррас” расонидааст.

Вазорати дифои Иморат ҳам гуфтааст, ки дирӯз, 8-уми апрел“бо 17 мушакҳои болистик ва 35 паҳподи Эрон” муқобилият кардааст. Ҷузъиёти дигар ва хисороти эҳтимолии ин ҳамлаҳо маълум нест.

Вазорати дифои Арабистони Саудӣ бегоҳии рӯзи 8-уми апрел хабар дод, ки 9 паҳпоро раҳгирӣ ва нобуд кардааст.

Гулугоҳи Ҳурмуз баста аст?

Дар ҳамин ҳол, рӯзи чоршанбе Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон гулӯгоҳи Ҳурмузро баста эълон кард ва ҳушдор дод, ки киштиҳое, ки бе иҷозат аз он мегузаранд, нобуд карда мешаванд.

Баъди эълони оташбас, гузориш дода шуд, ки танҳо чанд киштӣ тавонистанд аз гулӯгоҳ убур кунанд, аммо расонаҳои эронӣ баъдтар хабар доданд, ки ҳаракати киштиҳо дар пайи ҳамлаҳои идомаёбандаи Исроил ба Лубнон маҳдуд шудааст.

Тибқи иттилои MarineTraffic, аввалин киштиҳое, ки имрӯз субҳ аз гулӯгоҳ гузаштанд, киштии боркаши юнонии “NJ Earth” ва киштии “Дайтона Бич” бо парчами Либерия буданд.

Гулугоҳи Ҳурмуз, Акс аз Getty Images

Зимнан, Каролин Левитт,котиби матбуоти Кохи Сафед дар брифинг гуфтааст, ки Эрон бояд фавран гулӯгоҳи Ҳурмузро барои киштиронӣ боз кунад.

“Ҳар гуна баста шудани гулӯгоҳ комилан қобили қабул нест. Ман интизориҳо ва талаботи президентро барои бозкушоии фаврӣ, босуръат ва бехатари гулӯгоҳи Ҳурмуз такрор мекунам”, – гуфтааст ӯ.

Дар пайи хабари эълони оташбас, нархи нафт рӯзи чоршанбе коҳиш ёфт ва аз 100 доллар барои як бушка поён рафт. Хабаргузории “Reuters” хабар дод, ки субҳи имрӯз, 9-уми апрел нархи бушкаи нафти “Brent” 16,32 доллар ё 14,9% коҳиш ёфта, ба 92,95 доллар барои як бушка расид, дар ҳоле ки нархи бошкаи нафти WTI 18,16 доллар ё 16,1% коҳиш ёфта, ба 94,79 доллар барои як бушка расид.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Даст ба амалҳои ношоиста мезананд”. Интиқоди додситони Суғд аз кирдори баъзе зердастонаш

Ду моҳ пеш додситони шаҳри Бӯстон дар пайи муноқиша бо молики тарабхонаи “Парламент”-и шаҳр аз вазифа барканор шуда буд.

Баъд аз эълони созиши оташбас. Расонаҳо аз зарба ба полоишгоҳи Лавон ва ҳамлаи Эрон ба Кувайту Иморот хабар медиҳанд

Ин дар ҳолест, ки Эрон ва Иёлоти Муттаҳида субҳи имрӯз бар сари оташбаси дуҳафтаӣ ба созиш расиданд.

Кумитаи дин аз қаллобӣ дар сафари ҳаҷ ва сарсонии “ҳоҷиҳои тоҷик бо ҳуҷҷатҳои сохта” хабар дод

Ин ниҳод ба шаҳрвандон ҳушдор додааст, ки ба ширкатҳои сайёҳиву миёнаравҳо бовар накунанд.

“Се моҳ боз ҷустуҷӯ дорем”. Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бедарак шудааст

Талошҳои хонаводааш барои дарёфти ӯ то ҳол бенатиҷа будааст.