Сафорати Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс”-ро ба муносибати 30-солагии таъсисёбиаш табрик гуфта, нақши расонаи моро дар таъмини шаҳрвандон бо иттилооти боэътимод, мусоидат ба муколамаи боз ва пешбурди шаффофият бориз арзёбӣ кардааст.
Номаи табрикии ин ниҳоди дипломатӣ, бо имзои Радослав Дарски, сафири он дар Тоҷикистон ба унвонии “Азия-Плюс расид. Дар он аз ҷумла, зикр мешавад, ки Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс”, ки яке аз манбаъҳои боэътимод ва бонуфузтарини иттилоотӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад.
Ҳамчунин, ин ниҳоди дипломатӣ гуфтааст, ки фаъолияти “Азия-Плюс”-ро аз рӯзҳои аввали ҳузури худ дар кишвар пайгирӣ мекунад ва вақте ки Намояндагӣ дар соли 2003 таъсис ёфт, хабарҳои ҳаррӯзаи расонаи мо ба зудӣ ба яке аз манбаъҳои эътимодбахши онҳо дар бораи Тоҷикистон табдил ёфтанд. Бо гузашти вақт ин робита ба шарикии воқеӣ табдил ёфтааст, ки бар асоси уҳдадории муштараки Намояндагӣ ба муоширати кушод ва масъул бунёд шудааст.
“Якҷоя мо лоиҳаҳои зиёди навоварона ва илҳомбахшро амалӣ кардем. Барномаи радиои “Сайри Аврупо” шунавандагонро бо фарҳанг, мардум ва гуногунрангии Иттиҳоди Аврупо ва давлатҳои узви он шинос кард. Ҳамзамон, замимаҳои махсуси Иттиҳоди Аврупо дар рӯзномаи “Азия-Плюс” мунтазам хонандагонро дар бораи он, ки чӣ гуна Иттиҳоди Аврупо рушди деҳот, маориф, тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ ва рушди устуворро дар Тоҷикистон дастгирӣ мекунад, огоҳ месозанд”, – гуфта мешавад дар номаи табрикӣ.
Намояндагӣ дар идома аз чанд намунаи ҳамкории дигараш бо расонаи мо, махсусан мубориза бо иттилооти бардурӯғ, курсҳои омӯзишӣ барои рӯзноманигорони ҷавон ва блогерон, талошҳои барои таҳкими муколама миёни котибони матбуотии ниҳодҳои давлатӣ ва расонаҳо ёдоварӣ шуда, зикр кардааст, ки ин тадбирҳо “ба таҳкими эътимод, баланд бардоштани шаффофият ва ҳамкории созанда миёни намояндагони мақомоти давлатӣ ва рӯзноманигорон мусоидат мекунад”.
“Дар замоне, ки иттилооти сареҳ ва муоширати боз беш аз ҳар вақти дигар муҳим аст, “Азия-Плюс” пайваста саҳми назаррас мегузорад. Иттиҳоди Аврупо ифтихор дорад, ки ҷомеаи ВАО-и Тоҷикистонро дар ҳифзи озодии баён, дастрасӣ ба иттилоот ва мубодилаи озоди андешаҳо дастгирӣ менамояд, ки он ба манфиати ҳама мебошад”, – гуфта мешавда дар номаи табрикӣ.
Дар охир, Радослав Дарски ба тими “Азия-Плюс” орзу кардааст, ки “бигзор шумо дар тӯли солҳои зиёд мардуми Тоҷикистонро огоҳ кунед, илҳом бахшед ва муттаҳид созед”.
Ёдовар мешавем, ки 2-юми апрел соли 1996 аввалин варақаи иттилоотӣ – таҳлилии “Азия-Плюс” ба наш расид. Нашри ин варақаи иттилоотӣ таҳлилӣ, ба ташаккули Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” оғоз бахшид.
Он имрӯз ҳафтанома, радио ва оҷонсии иттилоотиро муттаҳид мекунад ва барои миллионҳо мухотаби худ бо се забон – забони давлатӣ, яъне тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мӯҳтавои босифат ва боэътимод таҳияву пешниҳод менамояд.


