Муштзанҳои тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии муштзании Осиё, ки аз 30-юми март то 10-уми апрел дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон баргузор шуд, се медал – як нуқра ва ду биринҷӣ ба даст оварданд.
Дар рӯзи охири мусобиқа Парвиз Каримов дар вазни то 90 кг ба гирифтани медали нуқра даст ёфт. Ӯ дар даври ниҳоии ин мусобиқа бо Ҳалимҷон Мамасолиев аз Ӯзбекистон рақобат карда, бо қарори якдилонаи доварон бо натиҷаи 5:0 мағлуб ва аз медали тилло маҳрум шуда, барандаи ҷои дуюм ва медали нуқра гашт. Парвиз Каримов муборизаро аз марҳилаи нимниҳоӣ оғоз карда, барои роҳ ёфтан ба даври ниҳоӣ бо ҳисоби 4:1 Харш Чоудхари аз Ҳиндустонро шикаст дода буд.

Ин муштзани тоҷик бори дуюм аст, ки аз қаҳрамонии Осиё медали нуқра мегирад. Ӯ соли 2024 низ аз ин мусобиқа дар Тайланд соҳиби нишони нуқра шуда буд.
Пеш аз Парвиз, муштзанҳои дигари тоҷик – Некрӯз Салимов дар вазни то 80 кг байни мардон ва Миҷгона Самадова дар вазни то 57 кг миёни занон соҳиби зинаи сеюм ва нишони биринҷӣ шуда буданд. Барои Салимов ин аввалин нишони биринҷӣ аз қаҳрамонии Осиё буд. Самадова бори дуюм медали биринҷӣ гирифт.


Имсол Тоҷикистонро дар қаҳрамонии Осиё дар Муғулистон 9 муштзан (7 мард ва 2 зан) намояндагӣ карданд. Шаш муштзани тоҷик – Руслан Ғафуров, Шамшер Саидов, Анушервон Фозилов, Акмал Убайдов, Муҳаммад Аброриддинов ва Бибинашастамо Холова дар марҳилаҳои гуногун мағлуб ва аз медалҳо маҳрум шуданд.

