Як нишони нуқра ва ду биринҷӣ. Муштзанҳои тоҷик аз қаҳрамонии Осиё бо се медал баргаштанд

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 9 варзишгар муаррифӣ мекард.

asia+

Муштзанҳои тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии муштзании Осиё, ки аз 30-юми март то 10-уми апрел дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон баргузор шуд, се медал – як нуқра ва ду биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар рӯзи охири мусобиқа Парвиз Каримов дар вазни то 90 кг ба гирифтани медали нуқра даст ёфт. Ӯ дар даври ниҳоии ин мусобиқа бо Ҳалимҷон Мамасолиев аз Ӯзбекистон рақобат карда, бо қарори якдилонаи доварон бо натиҷаи 5:0 мағлуб ва аз медали тилло маҳрум шуда, барандаи ҷои дуюм ва медали нуқра гашт. Парвиз Каримов муборизаро аз марҳилаи нимниҳоӣ оғоз карда, барои роҳ ёфтан ба даври ниҳоӣ бо ҳисоби 4:1 Харш Чоудхари аз Ҳиндустонро шикаст дода буд.

Ин муштзани тоҷик бори дуюм аст, ки аз қаҳрамонии Осиё медали нуқра мегирад. Ӯ соли 2024 низ аз ин мусобиқа дар Тайланд соҳиби нишони нуқра шуда буд.

Пеш аз Парвиз, муштзанҳои дигари тоҷик – Некрӯз Салимов дар вазни то 80 кг  байни мардон ва Миҷгона Самадова дар вазни то 57 кг миёни занон соҳиби зинаи сеюм ва нишони биринҷӣ шуда буданд. Барои Салимов ин аввалин нишони биринҷӣ аз қаҳрамонии Осиё буд. Самадова бори дуюм медали биринҷӣ гирифт. 

Имсол Тоҷикистонро дар қаҳрамонии Осиё дар Муғулистон 9 муштзан (7 мард ва 2 зан) намояндагӣ карданд. Шаш муштзани тоҷик – Руслан Ғафуров, Шамшер Саидов, Анушервон Фозилов, Акмал Убайдов, Муҳаммад Аброриддинов ва Бибинашастамо Холова дар марҳилаҳои гуногун мағлуб ва аз медалҳо маҳрум шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.