Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Ба ҳар як ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё, ки аз 16 то 18-уми апрел дар шаҳри Ордаси Чин баргузор шуд, 100 ҳазор сомонӣ тақдим гардид. Онҳо дирӯз, 20-уми апрел ба Тоҷикистон омаданд ва дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҷудокоронро намояндагони ниҳодҳои варзишӣ, ҳаводорон ва наздиконашон ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Ҷудокорони тоҷик аз қаҳрамонии Осиё бо 5 медал – 2 тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба ватан баргаштанд.

Тибқи иттилои телевизиони “Варзиш”, ба ҳар 5 ҷоизадори ин мусобиқа аз сӯйи Исмоил Маҳмадзоир, раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 100 ҳазор сомонӣ тақдим гардидааст.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё Тоҷикистонро 13 варзишгар (9 мард ва 4 зан) намояндагӣ кард. Аз ин миён Эмомалӣ Нуралӣ (дар вазни то 65 кг) ва Муҳиддин Асадуллоев (дар вазни то 73 кг) соҳиби медали тилло, Обид Ҷебов (дар вазни то 65 кг) ва Сомон Маҳмадбеков (дар вазни то 81 кг) барандаи медали нуқра ва Мадина Қурбонзода (дар вазни то 52 кг) соҳиби медали биринҷӣ шуданд. Варзишгарони дигари тоҷик дар марҳилаҳои гуногуни рақобатҳо ноком ва аз медалҳо маҳрум шуданд.

Бо ин натиҷа, Тоҷикистон дар ҳисоби дастаӣ мақоми дуввумро гирифт.

Дар умум, дар таърихи ҷудои тоҷик паҳлавонони кишвар 4 маротиба қаҳрамони Осиё шудаанд, ки ду медали тиллои онро Комроншоҳи Устопириён солҳои 2016 ва 2017 соҳиб шудааст.

Мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё, яке аз муобиқаҳои калидӣ дар тақвими Федератсияи байнулмилалии ҷудо барои вразишгарони ин қора маҳсуб меёбад. Ғолиби мусобиқа 700 хол, гирандагони нишони нуқра – 490 ва соҳибони медали биринҷӣ – 350 хол ба даст меоранд.

Чемпионати Осиё дар Ордас 197 варзишгарро аз 19 кишвар ҷамъ овард ва дастаи Тоҷикистон дар ин мусобиқа дар муқоиса бо солҳои гузашта натиҷаи беҳтар нишон дод.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.