Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

Тарҳи “Зистан мехоҳам” (Хочу жить)-и Украина дар гузорише гуфтааст, ки 3 ҳазору 407 зодаи Тоҷикистон дар Артиши Русия алайҳи ин кишвар меҷанганд. Ин омор рӯзи 20-уми апрел нашр шудааст.

Дар гузориши нави худ ин тарҳи украинӣ гуфтааст, маълумоти шахсии 12 ҳазору 666 зодаи Осиёи Марказиро муайян кардааст, ки “бо Вазорати дифои Русия шартнома бастаанд ва дар сафи артиши Русия ҷангидаанд ё меҷанганд”:

Ӯзбекистон – 4 ҳазору 853 нафар;

Қазоқистон – 2 ҳазору 389 нафар;

Қирғизистон – 1 ҳазору 439 нафар;

Туркманистон – 578 нафар.

Ҳеҷ як мақомоти ин кишварҳо то ҳол ба нашри рӯйхати тарҳи “Зистан мехоҳам” вокуниши расмӣ накардаанд.

Бар асоси додаҳои соли 2025, ки аз сӯйи “Зистан мехоҳам” нашр шуда буд, номи 5 ҳазору 740 зодаи Осиёи Марказӣ дар рӯйхати ширкаткунундагони ҷанг дида мешуд.

Қаблан дар моҳи октябри соли гузушта лоиҳаи мазкур номи 446 зодаи Тоҷикистонро интишор карда, гуфта буд, онҳо дар сафи артиши Русия дар ҷанг алайҳи Украина кушта шудаанд. Пеш аз ин, “Зистан мехоҳам” номи 628 зодаи Тоҷикистонро расонаӣ кард, ки ба гуфтаи ин лоиҳа, танҳо дар 6 моҳи аввали соли 2025 бо Вазорати дифои Русия шартнома бастаанд. Дар моҳи апрели соли гузашта бошад, тарҳи мазкур аз 931 зодаи Тоҷикистон, ки дар Украина аз ҷониби Русия меҷанганд, ном бурда буд.

Тоҷикистон то ҳол ба ҳеҷ як гузориши “Зистан мехоҳам” вокуниши расмӣ накардааст.

Танҳо қаблан, мақомоти қудратӣ, аз ҷумла, Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки ягон шаҳрванди кишвар “барои иштирок дар муҳорибаҳои Украина”, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида нашудааст.

Коршиносон мегӯянд, Русия дар симои муҳоҷирон аскари тайёрро мебинад ва ҳарчи бештар онҳоро дар ҷанг қурбон кардан мехоҳад.

Русия ҳеҷ гоҳ пинҳон накардааст, ки шаҳрвандони кишварҳои дигар, аз ҷумла Тоҷикистонро барои имзои шартнома бо артишаш ва минбаъд ҷанг дар Украина ҷалб мекунад.

Мувофиқи иттилои Кумитаи тафтишотии Русия ба ҳолати июни соли 2024, зиёда аз 10 ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, барои иштирок дар амалиётҳои ҷангӣ дар Украина фиристода шудаанд.

Барои ҷалби шаҳрвандони кишварҳои дигар ба ҷанг бо дастури раиси ҷумҳури ин кишвар тарзи соддакардашудаи гирифтани шаҳрвандӣ низ пешниҳод гардидааст. Аммо ин кишвар аз ҳолатҳои зиёди фиреб, таҳдид, фишор ва сӯйистифода аз вазъи танги муҳоҷирон барои имзои иҷбории шартнома бо артишаш сухан намегӯяд.

Аз ҷумла, аз зиндониён, ки зодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд ва ба ҷанги Украина иҷборӣ ҷалб мешаванд, мақомоти Русия ҳарфе намезанад, ҳарчанд расонаҳо борҳо шикояти зиндониёнро нашр карданд.

Ҳеҷ як мақомоти ин кишварҳо то ҳол ба нашри рӯйхати тарҳи “Зистан мехоҳам” вокуниши расмӣ накардаанд.Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.