Дар ним сол 628 зодаи Тоҷикистон бо артиши Русия шартнома бастаанд. Тарҳи “Зистан мехоҳам” рӯйхати нав нашр кард

Тарҳи давлатии Украина – “Зистан мехоҳам” (Хочу жить) номи 628 зодаи Тоҷикистонро нашр карда, навиштааст, ки “онҳо давоми шаш моҳи аввали соли 2025 бо артиши Русия шартнома баста, зидди Украина меҷанганд”. Пештар ин тарҳ номи зодагони Тоҷикистонро, ки то моҳи январи соли ҷорӣ дар сафи артиши Русия алайҳи Украина меҷангидаанд, нашр карда буд. Ба навиштаи […]

Asia-Plus

Тарҳи давлатии Украина – “Зистан мехоҳам” (Хочу жить) номи 628 зодаи Тоҷикистонро нашр карда, навиштааст, ки “онҳо давоми шаш моҳи аввали соли 2025 бо артиши Русия шартнома баста, зидди Украина меҷанганд”. Пештар ин тарҳ номи зодагони Тоҷикистонро, ки то моҳи январи соли ҷорӣ дар сафи артиши Русия алайҳи Украина меҷангидаанд, нашр карда буд.

Ба навиштаи тозаи ин тарҳ, ки ба эътирофи масъулинаш, бо истифода аз маълумоти “одамони худӣ” дар сафи артиши Русия рӯйхатро таҳия кардааст, зодагони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ду кишвари Осиёи Марказӣ, дар сафи артиши Русия бештар аз ҳар кишвари дигари хориҷӣ ҳастанд ва алайҳи Украина меҷанганд. Аммо дар бораи теъдоди дақиқи шаҳрвандони Ӯзбекистон маълумот дода нашудааст.

Танҳо зикр мешавад, ки “ҷалби зодагони Тоҷикистон ба сафи артиши Русия рӯ ба афзоиш аст”.

Ҳамчунин, ин ин тарҳ зикр кардааст, ки агар дар Ӯзбекистон ҳолатҳои таъқиб ва муҷозоти “зархаридон”-и ҷанг дар Украина сабт шудааст, дар Тоҷикистон то ҳол касеро барои иштирок дар ҷанг дар Украина ҷазо надодаанд.

Таъкид мешавад, ки аксари зодагони Тоҷикистон, ки алайҳи Украина меҷанганд, аз сӯйи мақомоти гуногуни Русия бо фиреб, таҳдид, фишор ва сӯйистифода аз вазъи танги онҳо дар муҳоҷират ба ҷанг ҷалб мешаванд. Пас аз ҳаводиси “Крокус” вазъи онҳо боз ҳам сангинтар шудааст.

То ҳол мақомоти расмии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба ин рӯйхати нашркардаи тарҳи давлатии Украина – “Зистан мехоҳам” вокуниш накардаанд.

Танҳо чанде пештар Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон ҳам зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки ягон шаҳрванди кишвар “барои иштирок дар муҳорибаҳои Украина”, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида нашудааст.

“Баъзе шаҳрвандон худашон душаҳрвандӣ доранд, чӣ шаҳрвандии Тоҷикистон ва чӣ шаҳрвандии Русия. Дар ҳоле, ки шаҳрвандии ягон кишварро қабул мекунед, талабот ва ӯҳдадориҳои он давлатро бояд риоя кунед. Яъне, масъалаи иштирок карданро худи давлат масъалагузорӣ мекунад нисбати ҳамон шахсе, ки шаҳрвандиро қабул кардааст. Барои ҳамин, ин ба шаҳрвандии худи шахс вобаста асту ба хоҳишу ӯҳдадориҳои ӯ”, – гуфт Ҳабибуло Воҳидзода.

Пештар аз ин тарҳи “Зистан мехоҳам” номи 931 зодаи Тоҷикистонро нашр карда, навишта буд, ки “онҳо бо артиши Русия шартнома баста, зидди Украина меҷанганд ва то имрӯз 196 нафари онҳо кушта шудаанд”.

“Фавтидагон аз 18 то 70-сола ҳастанд. Як нафар пас аз 7 рӯзи имзои шартнома кушта шудааст”, – зикр карда буд ин тарҳ.

Аммо он замон ҳам  мақомоти расмии Тоҷикистон ба ин матлаб вокуниш накарда буданд.

 

Бояд гуфт, Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози ҷанги Русия дар Украина ва ба такрор аз шаҳрвандонаш хост, дар ин ҷанг иштирок накунанд, зеро он паёмади ҳуқуқӣ дорад ва муҷозот хоҳанд шуд.

Коршиносон мегӯянд, Русия дар симои муҳоҷирон аскари тайёрро мебинад ва ҳарчи бештар онҳоро дар ҷанг қурбон кардан мехоҳад.

Русия ҳеҷ гоҳ пинҳон накардааст, ки шаҳрвандони кишварҳои дигар, аз ҷумла Тоҷикистонро барои имзои шартнома бо артишаш ва минбаъд ҷанг дар Украина ҷалб мекунад.

Мувофиқи иттилои Кумитаи тафтишотии Русия ба ҳолати июни соли 2024, зиёда аз 10 ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, барои иштирок дар амалиётҳои ҷангӣ дар Украина фиристода шудаанд.

Барои ҷалби шаҳрвандони кишварҳои дигар ба ҷанг бо дастури раиси ҷумҳури ин кишвар тарзи соддакардашудаи гирифтани шаҳрвандӣ низ пешниҳод гардидааст. Аммо ин кишвар аз ҳолатҳои зиёди фиреб, таҳдид, фишор ва сӯйистифода аз вазъи танги муҳоҷирон барои имзои иҷбории шартнома бо артишаш сухан намегӯяд.

Аз ҷумла, аз зиндониён, ки зодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд ва ба ҷанги Украина иҷборӣ ҷалб мешаванд, мақомоти Русия ҳарфе намезанад, ҳарчанд расонаҳо борҳо шикояти зиндониёнро нашр карданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.