Аз таъсиси Маркази айнишиносӣ то тақдими “Намунаи адабиёти тоҷик” ба ҳар як хонадон. Се пешниҳоди раиси Иттифоқи нависандагон

Низом Қосим ният дорад, ки ба ҳукумат мактуб равон карда, ёрӣ талабад.

Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, пешниҳод кард, ки китоби тазкираи “Намунаи адабиёти тоҷик”-и устод Айнӣ ба теъдоди зиёд чоп шуда, ба ҳар як хонадони Тоҷикистон тақдим шавад.

Ин нуктаро Низом Қосим дар маҳфили илмӣ ва адабие, ки меҳвари онро баррасии ҷойгоҳи таърихии Садриддин Айнӣ ва осори мондагори ӯ ташкил медод, иброз дошт. Бо ин пешниҳод раиси Иттифоқи нависандагон диққати аҳли зиёро ба мероси адабии устод ҷалб кард.

Низом Қосим гуфт, ки китоби “Намунаи адабиёти тоҷик” дар таърихи муосири мо нақши модарасар дорад ва маҳз ҳамин асар дар солҳои бистуми асри гузашта ҳувияти милливу таърихии тоҷиконро ба ҷаҳониён исбот карда буд.

Бо назардошти ин, раиси Иттифоқи нависандагон пешниҳод кард, ки ин китоби сарнавиштсоз бояд бо теъдоди зиёд чоп шуда, мисли китобҳои “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ва “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ, аз номи раисҷумҳур ба ҳар як оилаи кишвар тақдим карда шавад.

Низом Қосим, Акс аз муаллиф

Дар ҷараёни маҳфил вазъи кунунии нашри осори устод Айнӣ ҳам мавриди интиқоди ҷиддӣ қарор гирифт. Низом Қосим гуфт, ки куллиёти сардафтари адабиёти муосири тоҷик дар як муддати тӯлонӣ ва “пароканда” чоп шудааст, ки ҳамаи осори илмиву адабиву таърихии устод Айниро фаро намегирад.

Ӯ ҳатто аз “50 ё 100 нусха” чоп шудани осори устод Айнӣ нигаронӣ карда, гуфт, ки ин вазъ боис гаштааст, ки дар китобхонаҳо ҳам осори солҳои охир чопшудаи Садриддин Айнӣ мавҷуд нест. Бо ин теъдоди кам чоп шудани осори шоирону нависандагон, аз ҷумла устод Айниро “барои пешниҳоди ҳисобот” марбут дониста, таъкид кард, ки ниёзи миллионҳо сокини кишварро бароварда наметавонад.

Низом Қосим гуфт, ки барои ҳалли ин мушкил ният дорад бо мактубе расман ба ҳукумати Тоҷикистон муроҷиат кунад, то барои чопи куллиёти комили асарҳои Садриддин Айнӣ маҳз ҳукумат мусоидат кунад.

Ба гуфтаи ӯ, танҳо бо дастгирии бевоситаи ҳукумат ва раисҷумҳур метавон осори устод Айниро бо сифати баланд, матни саҳеҳ ва бидуни ихтисорот ба дасти хонандаи тоҷик расонд.

Инчунин, раиси Иттифоқи нависандагон дар ин нишаст таъсиси Маркази айнишиносиро ҳам зарур шуморид, то мутахассисони варзидаи ин соҳа дар як ҷо ҷамъ омада, раванди матншиносӣ ва чопи осори устод Айниро аз нигоҳи илмӣ назорат кунанд ва монеи таҳриф шудани мероси адабии ӯ шаванд.

Садриддин Айнӣ (1878–1954) аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон, асосгузори адабиёти муосири тоҷик ва нахустин президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон мебошад.

Саҳми устод Айнӣ дар эҳёи фарҳанги миллӣ ва ба ин васила, ташаккули тавлатдории муосири тоҷикон беназир зикр мешавад. Асарҳои ӯ, аз ҷумла “Ёддоштҳо”-яш адабиёти тоҷикро ба сатҳи ҷаҳонӣ баровардаанд.

Мо назари адабиётшиносон ва айнишиносони кишварро дар бораи нақши устод Айнӣ дар ҳувиятсозиву худшиносии миллии тоҷикон пурсидем, ки метавонед дар ин пайванд мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.