Дар озмуни байналмилалии “JEO,SEO-2026” 28 хонандаи тоҷик сазовори ҷоиза шуданд

Ин озмун дар давлати Австралия баргузор шуд.

Дар озмуни байналмилалаии “JEO, SEO – 2026” аз фанни забони англисӣ 28 хонандаи тоҷик сазовори ҷойҳои 1, 2 ва 3-юм шудаанд. Марҳилаи ниҳоии озмун аз 12 то 16-уми апрел бо ширкати намояндагони беш аз 18 кишвар дар шаҳри Сиднейи Австралия баргузор шуд.

Дар умум, 44 хонандаи тоҷик аз ҷониби “Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо”-и Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон интихоб ва барои иштирок дар марҳилаи ниҳоӣ ба Австралия рафтанд.  

Бибисоро Махатова, хонандаи синфи 10-и Литсей барои хонандагони болиёқат дар шаҳри Душанбе,яке аз ҷоизадорони ин озмун мегӯяд, даври ниҳоӣ ба тариқи тестӣ баргузор шуда, ғолибон аз рӯйи холҳои бадастовардаашон эълон шудаанд.

“Моро устодон ҳамроҳӣ карданд ва озмун дар сатҳи баланд гузашт. Агар ба тариқи шифоҳӣ мегузашт ба эҳтимоли зиёд, ҷойи аввалро соҳиб мешудам. Забони англисиро дар сатҳи “B2” медонам ва хушҳолам, ки чунин таҷрибаи хуб дарёфт кардам”, – мегӯяд ин хонанда.

Ин хонандаи тоҷик мегӯяд, ният дорад минбаъд низ дар озмунҳои гуногуни байналмилалӣ ширкат карда, ҷойҳои намоёнро ба даст орад. Ӯ мегӯяд, дар оянда нақша дорад тарҷумони забони англисӣ шуда, ба насли наврас ин забонро омӯзад.

Тибқи иттилои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар озмуни байналмилалии “JEO,SEO – 2026”, 28 хонандаи мактабҳои пойтахт, аз ҷумла, 1 нафар медали тилло, 3 кас, медали нуқра ва 24 тани дигар медали биринҷӣ гирифтанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

То +45°C ва баъзан борон меборад: ҳавои моҳи июн дар Тоҷикистон

Дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон моҳи июн гарму хушк омада, аммо дар баъзе рӯзҳо борону раъду барқ дар назар аст.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".