Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Идибеки Саид, asia+

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Амрико ва Эрон дар Исломобод, Доналд Трамп, раисҷумҳури Иёлоти Мутаҳҳида гуфтааст, ки танги Ҳурмузро муҳосира мекунад. Эрон мегӯянд, наздик шудани шиноварҳои низомӣ ба тангаи Ҳурмуз нақзи оташбас аст ва бо онҳо “бархурди сахт” хоҳад шуд.

Трамп дар як паёме дар саҳифаи “Truth Social” навишт, ба нурӯҳои дарёии Амрико “дастури муҳосираи тангаи Ҳурмуз”-ро додааст.

“Мо минаҳоеро ҳам, ки Эрон дар тангаи Ҳурмуз гузоштааст, нобуд хоҳем кард. Ҳар эроние, ки ба мо тир холӣ мекунад, ба ҷаҳаннам хоҳад рафт”, – илова кардааст раисҷумҳури Амрико.

Раисҷумҳури Амрико, ҳамчунин гуфтааст, ки НАТО дар “поксозӣ”-и ин гулӯгоҳ кумак хоҳад кард.

Доналд Трамп. Акс аз Ройтерз

Дар пайи ин, Бритониё эълон кардааст, ки ба муҳосираи тангаи Ҳурмуз аз тарафи Амрико иштирок нахоҳад кард

Ба ҷуз ин, раисҷумҳури Амрико шаби 12-уми апрел дар суҳбат бо хабарнигорон дар хусуси дастёбии Эрон силоҳи ҳастаӣ гуфтааст, “онҳо ҳанӯз инро мехоҳанд ва ин мавзуъро шаби гузашта ба равшанӣ баён карданд. Эрон ба силоҳи ҳастаӣ даст нахоҳад ёфт”.

Пас аз изҳороти ӯ, дар бораи муҳосираи тангаи ҳурмуз, Фармондеҳи марказии Амрико (СЕНТКОМ), иддао кардааст, ки аз соати 10-и рӯзи 13-уми апрел ба вақти шарқӣ (соати 17:30 ба вақти Теҳрон ва соати 19:00 ба вақти Душанбе) муҳосираи дарёии тамоми бандарҳои Эрон оғоз мешавад.

Дар баёнияе, ки ин ниҳод нашр кардааст, гуфта мешавад, ин муҳосира барои киштиҳои тамоми кишварҳое, ки ворид ё хориҷ аз бандарҳо ва минтақаҳои соҳилии Эрон, аз ҷумла тамоми бандарҳои Эрон дар Халиҷи Форс ва дарёи Уммон рабт хоҳад дошт.

Эрон низ, ба иддао ва изҳороту таҳдидҳои мақомоти Амрико вокуниш кардааст. Аз ҷумла, Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси шӯрои исломӣ ва роҳбари ҳайати музокиракунандаи Эрон гуфт, ин таҳдидҳо ба миллати Эрон таъсире надорад.

Ӯ дар посух ба таҳдиди Доналд Трамп бо киноя дар саҳифаи “Х”-и худ навишт, “аз арзишҳои ҳозираи сухт лаззат баред. Бо ин ба истилоҳ “муҳосира” ба зудӣ дилатон барои бензини 4-5 долларӣ танг хоҳад шуд”.

Қолибоф ҳангоми бозгашт аз Исломобод дар суҳбат бо хабарнигорон гуфтааст, “ин таҳдидҳои рӯи миллати Эрон таъсире надорад ва мо собит кардем, ки ин як шиор нест ва дунё инро бо чашми худ дид… Агар ҷанганд, меҷангем ва агар бо мантиқ пеш оянд, бо мантиқ бархурд мекунем. Мо зери бори ҳеҷ таҳдиде намеравем: бори дигар иродаи моро имтиҳон кунанд, то дарси бузургтаре ба онҳо диҳем”.

Муҳаммадбоқир Қолибоф. Акс аз ИРНА

Дар ҳамин ҳол, Сипоҳи посдорони Эрон низ, рӯзи гузашта эълон кард, ки наздик шудани шиноварҳои низомӣ ба тангаи Ҳурмуз нақзи оташбас аст ва бо онҳо “бархурди сахт” хоҳад шуд.

Зимнан, расонаҳои эронӣ хабар медиҳанд, ки баъди таҳдиди муҳосираи тангаи Ҳурмуз аз ҷониби Трамп, се нафткаш бо парчами Эрон аз ин гулугоҳ гузашта, ба дарёи Араб ворид шудааст.

Гуфта мешавад, як нафткаши бузурги Эрон бо ду миллион бушка нафт пас аз ҳафт сол аввалин бор ба тарафи Ҳинд равон шудааст. Ба навиштаи “ББС”, ин иқдом пас аз дастури бекор кардани таҳримҳо аз ҷониби дафтари назорат ва идора дороиҳои хориҷии Амрико анҷом шудааст.

Дар ҳоле, ки музокира миёни Эрону Амрико дар Исломобод бе натиҷа анҷом ёфт ва Доналд Трамп дастури муҳосираи тангаи Ҳурмузро додааст, нархи нафти хом дар бозори ҷаҳонӣ дубора аз 100 доллар барои як бушка боло рафтааст.

Музокироти Эрон ва Амрико 11-12-уми апрел дар шаҳри Исломобод, пойтахти Покистон сурат гирифт ва беш аз 20 соат давом кард, вале ҷонибҳо ба созише даст наёфтанд.

Ҷей Ди Вэнс, ноиби раисҷумҳури Амрико, ки ҳайати кишварашро роҳбари мекард, изҳор дошт, “мо ба вазъияте нарасидем, ки эрониҳо омода бошанд шартҳои моро қабул кунанд”. Аммо Эрон мегӯяд, “ин музокирот пас аз 40 рӯзи ҷанги таҳмилӣ ва дар фазои бадгумонӣ ва шубҳа баргузор шуд. Табиӣ аст, ки аз оғоз ҳам набояд интизор медоштем, ки дар як ҷаласа ба созиш мерасем”.

Раванди музокираи Исломобод чӣ гуна гузашт, дар матлаби мо “Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт” хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Таъсири низоъ дар Ховари Миёна ба иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ. Пешгӯии Бонки ҷаҳонӣ

Коршиносон бар ин назаранд, ки рушди иқтисодӣ дар минтақа то 4,9% поин меравад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Ғуломризо Баҳор то даргузашти Бобо Ҳоҷӣ ва Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон