Душанбе. 17-уми июн. «Азия-Плюс» — | То ахири моҳи июн интиқоли тамоми таҷҳизоту дастгоҳҳои зарурии нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» аз Эрон ба Тоҷикистон анҷом меёбад.
Тавре ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» мушовири сафорати Эрон оид ба масоили иқтисодӣ Аббос Баёнӣ хабар дод, нимаи ҳафтаи равон ҳавопаймои бузурги боркашони «АН-124» тавассути хатсайри Теҳрон-Ашқобод-Душанбе трансформатори вазнаш 120 тонна барои нерӯгоҳи «Сангтӯда-2»-ро ба Душанбе расонид. «Акнун трансформатор муддати се-чаҳор рӯз тариқи мошинҳои калонҳаҷми боркаш ба майдони сохтмони нерӯгоҳ интиқол дода мешавад», – гуфт вай.
Ба қавли мавсуф, рӯзи якшанбе, 19-уми июн, боз як ҳавопаймо бо чунин бор барои нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» ба Душанбе парвоз хоҳад кард. «Интиқоли бори ба ин андоза вазн дар минтақа бори нахуст сурат гирифт», – иброз дошт ӯ.
Номбурда ҳамчунин изҳори боварӣ намуд, ки агрегати аввали нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» дар арафаи ҷашни 20-умин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.