Конибодом. 5-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар Конибодом ба муносибати ҷашни Рӯзи маъюбон ва пиронсолон, ки ҳамасола дар ҷумҳурӣ санаи 8-уми июл таҷлил мегардад, бо ташаббуси мақомоти шаҳрдорӣ ва созмони ҷамъиятии маъюбон мусобиқоти шоҳмот миёни маъюбон шурӯъ шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари созмони ҷамъиятии шаҳрии маъюбон Абдуфаёз Шарифов хабар дод, дар ин мусобиқоти анъанавӣ аз иштироки беш аз 60 нафар маъюбону пиронсолон интизорӣ меравад.
Ба гуфтаи ӯ, ғолибону ҷойизадорон бо ифтихорномаву тӯҳфаҳои арзишманди мақомоти шаҳрдорӣ сарфароз гардонида шуда, ба маъюбони ва пиронсолони бештар осебпазир кӯмаки якдафъаина расонида хоҳад шуд.