Душанбе. 18-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар нимсолаи аввали соли равон гумрукчиёни ҷумҳурӣ ҳудуди 70 ҳодисаи воридоти ғайриқонунии маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистонро ошкор сохтаанд.
Муовини сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ Неъмат Раҳматов дар ҷамъи рӯзноманигорон дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки дар ин давра аз муомилоти ғайриқонунӣ ҳудуди 2,5 млн. литр маводи сӯзишворӣ мусодира карда шудааст, ки аз ин миқдор 1 млн. 487 ҳазор литрашро сӯзишвории дизелӣ, 876 ҳазор литрашро – бензин ва 134 ҳазор литрашро равғанҳои молиданӣ ташкил медиҳанд.
«Дар қаламрави вилояти Суғд – 65, ноҳияи Турсунзода – 1 ва дар қаламрави вилояти Хатлон низ 1 ҳодисаи муомилоти ғайриқонунии маҳсулоти нафтӣ ошкор гардиданд», – гуфт вай.
Н.Раҳматов мегӯяд, дар зарфи 6 моҳи соли равон ба ҷумҳурӣ 255,7 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст, ки 131,3 ҳазор тоннаашро бензин ташкил медиҳад.
Номбурда таъкид сохт, ки аз миқдори умумӣ 84%-и маводи сӯзишворӣ аз Русия, 13% аз Туркманистон ва 3% аз Қазоқистон ворид шудааст. «Соли гузашта ба Тоҷикистон аз Туркманистон маҳсулоти нафтӣ ворид нагардида буд», – афзуд Н.Раҳматов.