spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Ифтитоҳи чойхона дар ноҳияи Балҷувон ба иштироки сарвари давлат

Душанбе. 10-уми август. «Азия-Плюс» — | Сафари сарвари давлат ба шаҳру навоҳии вилояти Хатлон идома дорад.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, нимаи дуюми дирўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Балҷувон ташриф овард.

 Дар ин ноҳияи зебоманзари кўҳистони тоҷик Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон  нахуст дар маросими мавриди истифода қарор додани  бинои нави комиссариати ҳарбии ноҳия, ки бо тамоми шароити зарурӣ бунёд ёфтааст иштирок кард.

 Дар деҳаи Сари Мазори ҷамоати деҳоти Саталмуш бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон як чойхонаи зебои миллӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

 Тавре зикр гардид, чойхонаи мазкур аз ҷониби Иттифоқи «Тоҷикматлубот»-и мамлакат барои сокинону меҳмонони Балҷувони дорои таърихи бостонӣ ва табиати биҳиштосо бунёд ёфтааст.

 Дар саҳни чойхона Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарият ва  фаъолон инчунин намояндагони сершумори мардуми ноҳияи Балҷувон мулоқоти озоду ошкоро анҷом дод.

 Зимни суханронии Сарвари давлат ва пурсишу посухҳо барои бартараф намудани мушкилу монеаҳои ноҳияи Балҷувон ва ободонии минбаъдаи ин минтақаи истироҳату туризм супоришҳои мушаххас дода шуд.

 Дастур дода шуд, ки рафти татбиқи се барномаи давлатӣ, ки барои рушди ноҳияи Балҷувон, аз ҷумла барои барпо намудани инфрасохтори истироҳату сайёҳӣ аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон тайи 10 соли охир қабул шудаанд, мавриди омўзиш қарор гирифта, нисбат ба сохторҳо ва нафароне, ки вазифаҳои худро иҷро накардаанд, хулосаҳои зарурӣ бароварда шаванд.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...