Душанбе. 15-уми август. «Азия-Плюс» — | Ширкати тоҷикистонии ҶСП «ТАДЭС» сохтмони навбати аввали сарбанд дар қисмати ҷанубу шарқии Афғонистонро, ки бунёди он ним аср пеш оғоз гардида буд, ба анҷом мерасонад.
Бино ба иттилои ОИ «Bakhtar», ширкати «ТАДЭС» дар тендери эълоншуда оид ба сохтмони навбати аввали сарбанди Камол Хон дар рӯдхонаи Ҳилманд дар музофоти Нимроз миёни 8 ширкати дигар ғолиб дониста шудааст.
Ахири ҳафтаи гузашта дар ин хусус вазири энергетика ва захоири обии Афғонистон Муҳаммад Исмоилхон ва роҳбари ширкати «ТАДЭС» Нуралӣ Ниёзов» ба маблағи 10 млн. доллари ИМА қарордод ба имзо расонидаанд.
Дар маросими имзои созишнома М. Исмоилхон изҳор кардааст, ки маблағи умумии сохтмони сарбанди мазкур 100 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, он дар се марҳила ба анҷом расонида мешавад. Гуфта мешавад, бунёди сарбанд ба обёрии ҳудуди 80 ҳазор гектар замин ва истеҳсоли нерӯи барқ дар ҳаҷми 8,5 МВт имкон фароҳам хоҳад сохт.