Душанбе. 15-уми август. «Азия-Плюс» — | Дар ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» Маркази нави хизматгузорӣ (Сall center) боз шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати мазкур иттилоъ доданд, ҳадаф аз ифтитоҳи маркази мазкур беҳбуд бахшидан ба сатҳу сифати хизматгузорӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ҳайати шахсӣ аст.
«Акнун ҳар як хоҳишманд тариқи занги телефонӣ ба оператори ширкат дар бораи ҷадвали хатсайрҳо, арзиши чипта, эҳтимоли мавқуф гузоштани парвозҳо ва ғайра маълумот дастрас карда метавонад. Рақами телефони оператор – 905-100-200 аст», – гуфтанд дар хадамоти матбуоти ширкат.
ЧСК «Тоҷик Эйр» ба интиқоли мусофирон, бағоҷ ва бор, инчунин хизматрасонии техникӣ ва таъмири техникаи ҳавопаймоӣ равона гардидааст.
Васеъшавии ҷуғрофияи парвозҳо ва таъмини бехатарӣ, боэътимодӣ ва бароҳатӣ вазифаҳои асосии ҶСК «Тоҷик Эйр» ба ҳисоб мераванд, ки стратегияи рушди онро муайян месозанд.
Дар ширкати ҳавопаймоии «Таджик Эйр» ҳавопаймоҳои – Ту-154М, Як-40, Ан-24, Ан-26, Ан-28, «BOEING -757-200», «BOEING -737-500», инчунин чархболҳои МИ-8 МТВ ва МИ-172, МИ-8Т мавриди истифода қарор гирифтаанд.
Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» мунтазам парвози ҳавопаймоҳо ба шаҳрҳои Русия – Маскав, Санк-Петербург, Екатеринбург, Сочи, Сургут, Самара, Новосибирск, Иркутск ва ҳамчунин шаҳрҳои Бишкек, Алмаато, Теҳрон ва Шарҷаро ба анҷом мерасонад. Дар хатсайрҳои дохилӣ парвозҳо ба шаҳрҳои Хуҷанд ва Хоруғ ба иҷро расонида мешаванд.