Нахуствазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни омодагӣ ба маросими мавриди истифода қарор гирифтани навбати аввали нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» аз майдон сохтмони ин иншоот боздид кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз котиботи нахуствазири кишвар хабар доданд, дар майдони сохтмон Оқилов бо ҳайати шахсии муҳандисиву техникии иншоот ва коргарон мулоқот ороста, бо шароити кор ва будубоши онҳо аз наздик ошно гардид.
Қобили зикр аст, ки маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани навбати аввали нерӯгоҳӣ обӣ-барқии «Сангтӯда-2» рӯзи 4-уми сентябри соли равон ба нақша гирифта шудааст. Дар ин маросим сарони кишварҳои Тоҷикистону Эрон Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод ширкат хоҳанд варзид.
Мавриди зикр аст, ки сохтмони нерӯгоҳи обӣ-барқии «Сангтӯда-2» ҳанӯз замони шӯравӣ оғоз гардида, минбаъд иҷрои корҳо дар он ба иллати камбуди маблағ ва ҳамчунин оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон боздошта шуда буданд ва сипас соли 2006 бо дастгирии Эрон ба иҷрои корҳои насбу сохтмон дар он идома бахшида шуд.
Тавре пешбинӣ мегардад, иқтидори нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» ба истеҳсоли 1 млрд. кВт/соат нерӯи барқ дар як сол баробар хоҳад буд. Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани он дар муддати 12,5 сол он моликияти Эрон хоҳад буд ва сипас пурра ба ихтиёри Тоҷикистон супурда мешавад.