Дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе маҷлиси тантанавӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 20-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.
Дар маҷлиси мазкур сарвари давлат суханронӣ хоҳад кард. Ба маҷлис кормандони ҳукумат, вакилони парлумон, намояндагони аҳли ҷомеа ва ҳамчунин роҳбарони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷии муқими ҷумҳурӣ даъват шудаанд.
Чорабиниҳои асосии идона ба ифтихори таҷлили ҷашни 20-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар пойтахт, пагоҳ, 9-уми сентябр доир мегарданд.
Субҳи 9-уми сентябр дар майдони «Дӯстӣ» гузашти низомӣ ва намоиши сокинони пойтахт баргузор мешавад. Шомгоҳон дар варзишгоҳи пойтахт шоу-консерти утодони санъати кишвар доир мегардад.