spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Аксияи «Дӯстатро аз чанголи героин раҳо намо» дар Кӯлоб


Дар шаҳри Кӯлоб таҳти унвони шартии «Дӯтатро аз чанголи героин рҳо намо» як аксия доир шуда истодааст. Созмондеҳи он – ташкилоти ҷамъиятии «Анис» аст. Аксия дар чаҳорҷӯби лоиҳаи аз ҷониби USAID маблағгузоришуда таҳти унвони «Муколама оид ба ВНМО (ВИЧ) ва бемории сил» мегузарад.

Ба гуфтаи роҳбари ташкилоти «Анис» Идимо Холмуродова, лоиҳаи мазкур аз ҷониби Консорсиуми шарикон таҳти сарварии Population Services International (PSI) дар тамоми 5 кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ мавриди амалӣ гардидан қарор дорад.

«Бобати самаранокии пешбурди лоиҳа метавон аз таҷрибаи худ мисол овард, зеро дар тӯли 2 соли нопурра дар доираи амалисозии лоиҳа дар шаҳри Кӯлоб маркази барқарорсозӣ барои 10 ҷой арзи вуҷуд намуда, барои кормандони иҷтимоии машғул бо истеъмолгарони маводи нашъаовар тариқи сӯзандору, кормандони масъул ба пешгирии фоҳишагарӣ, беморони ВИЧ ва қишрҳои дигари аҳолии бештар осебпазири гирифторшавӣ ба ин бемориҳо тамоми шароитҳо муҳайё шудаанд.

«Дар муддати амалисозии лоиҳа ҳудуди 100 нафар беморони гирифтори нашъамандӣ табобат ёфта, даҳҳо нафар беморони гирифтори ВИЧ ошкор ва ба садҳо нафар беморони гирифтори касалии сил дастрасӣ ба кӯмаки тиббӣ хеле беҳтар карда шуд», – таъкид кард ӯ.

«Аксари беморони истеъмолгари маводи нашъаовар тариқи сӯзандору, ки дар маркази мо табобат гирифтанду имрӯз ба ҳаёти солим баргаштаанд, айни замон ҳамроҳи мо дар ин аксия иштирок доранд ва шиори «Дӯстатро аз чанголи героин раҳо намо»-ро ҳам маҳз онҳо пешниҳод карданд», – афзуд роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Анис».

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...