Се нафар сокинони вилояти Суғд, ки ҳамроҳ дар парвандаи айбдоршудагон ба терроризм иштирок доштанд, мавриди афв қарор гирифтанд
.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз суди вилоятӣ хабар доданд, инҳо сокинони ноҳияҳои Исфараву Истаравшан мебошанд, ки нисбат ба онҳо Қонун «Дар бораи афв» мавриди истифода қарор гирифтааст.
Яке аз онҳо зан – сокини Исфара ба хабар надодан дар бораи содир намудани ҷиноят (моддаи 347 КҶ ҶТ) айбдор карда мешуд. Ду нафар мардони дигар ба сохтакории ҳуҷҷатҳо (моддаи 340 КҶ ҶТ) айбдор карда мешуданд.
Афвшудагон дар курсии айбдорӣ ҳамроҳ бо 53 нафар шаҳрвандон ҷавоб мегуфтанд, ки онҳо мутобиқи 11 моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ, аз ҷумла терроризм, бо роҳи зӯрӣ гасб кардани ҳоқимият, куштор, ташкили гурӯҳи ҷиноятпеша, ғайриқонунӣ тайёр кардани аслиҳа, ғайриқонунӣ убур кардани сарҳад ва ғайра гумонбар дониста мешаванд. Мурофиаи судӣ нисбат ба ин гурӯҳ идома дорад. Дар курсии айбдорӣ 50 нафар боқӣ мондаанд.