spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Мулло Ҳайдар ҷонибдори бозгашти ҷавонон аз макотиби динии хориҷӣ аст


Аз 60 нафар сокинони шаҳру ноҳияи Кӯлоб, ки дар кишварҳои гуногуни Шарқ ва Африқо таълимоти динӣ гирифтаанд, 41 нафарашон ба ватан баргаштанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мутахассиси шӯъбаи корҳо оид ба дини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Холмирзо Қаландаров хабар дод, ба 13 нафари онҳо барои идомаи таҳсил дар хориҷи кишвар иҷозат дода шудааст, зеро онҳо расман ба он ҷо фиристода шуда буданд.

Бино ба маълумоти Қаландаров, ҷавонони аз макотиби динии хориҷӣ ба ватан баргашта хоҳиши дар Тоҷикистон соҳиб шудан ба маълумоти динӣ надоштаанд.

«Чанде аз онҳо муҳоҷирати меҳнатиро ихтиёр намуда, боқимонда дар шаҳрҳои Кӯлобу Душанбе ба тиҷорати хурд машғуланд, – мегӯяд Қаландаров. – Ҳамчунин ба мо маълум аст, ки 4 нафар сокинони ноҳияи Кӯлоб бозгашт ба ватанро рад кардаанд. Як нафари хоҳишманди бозгашт барои харидани билети ҳавопаймо маблағ надошта, дар бораи сокини дигари Кӯлоб Илҳом Назарови 33-сола, ки аз Русия ба Эрон гӯё барои таҳсил ба яке аз макотиби динӣ рафта будааст, муддти 4 сол аст, ки ҳеҷ хабаре нест».

Дар ҳамин ҳол, рӯҳонии маъруфи минтақаи Кӯлоб Мулло Ҳайдар (Ҳайдар Шарифов) қонуни қабулшудаи ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва бозгашти ҷавонон аз макотиби олии динии хориҷиро, ки бо воситаҳои гуногун ба он ҷо сафарбар шудаанд, мантиқан дуруст мешуморад.

Ба андешаи ӯ, дар масҷиду донишкадаҳои исломии кишварҳои гуногуни дунё равия ва расму анъанаҳои мухталифи исломӣ омӯзонида мешаванд. «Ҳарчанд ҳама гуна таълимот дар онҳо таҳти парчами Ислом сурат гирад ҳам, дар он ҷойҳо ҳатто тарзи иҷрои бархе аз маросиму оин тафовут дорад. Агар минбаъд низ чунин идома ёбад, мо худамон барои барангехтани низоъи динӣ дар кишвар замина муҳайё месозем», – афзуд Мулло Ҳайдар.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...