Шӯбаи Ҳамкории Ҳарбӣ ба ятимхонаи рақами 1 шаҳри Душанбе ба маблағи $2770 Доллари ИМА таҷҳизот барои ошхона ва хонадорӣ тақдим намуд.
Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, ин таҷҳизот 130 кӯдакони ятимро бо сифати ғизо ва сатҳи тозагӣ таъмин мекунад. Подполковник Джозеф Гросс ва Хонум Фируза Насимова Сафорати Амрикоро дар ин маҳфил намояндагӣ намуданд.
Подполковник Джозеф Гросс гуфт: “Он даме, ки Сафорати Амрико хабардор шуд, ки ятимхонаи раками 1и шахри Душанбе яхдони бистсоларо истифода мебарад, мо ҳамонзамон ба ҷустуҷӯи роҳҳои иваз намудани ин яхдонро оғоз кардем, то ки саломатии кӯдакон беҳтар гардад.”
Вазорати Мудофиаи ИМА ба воситаи Барномаи Кӯмаки Башардӯстонаи Шӯъбаи Ҳамкории Ҳарбии як адад яхдони нав, оташдон, 3 адад телевизор ва 4 адад гардгиракро тақдим намуд. Барномаи Кӯмаки Башардӯстонаи Шӯъбаи Ҳамкории Ҳарбӣ ба расонидани кумак ба онҳое, ки ниёз доранд, диққати махсус меоварад. Аз соли 1992 то инҷониб мардуми Амрико тавассути Сафорати ИМА дар Душанбе барои дастгирии рушди соҳаҳои иқтисодиёт, тандурустӣ, маориф ва ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон тақрибан 984 миллион доллар пешниҳод намудааст.