spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Оғози интиқоли барқи Тоҷикистон ба Афғонистон


Тоҷикистон интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистонро тавассути хати интиколи барқи 220 кВ «Сантӯда-Пули Хумрӣ» соли равон оғоз мекунад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати «Барқи тоҷик» хабар доданд, рӯзи 8-уми октябр дар маросими ифтитоҳи ин хат аз иштироки сарони кишварҳои Тоҷикистону Афғонистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомид Карзай интизорӣ меравад.

«Хати интиқоли барқ барои истифода омода аст. Зеристгоҳи Пули Хумрӣ низ омода буда, корҳо дар Қундуз охири сол ба анҷом мерасанд, вале ин ба оғози интиқоли барқ тавасстуи ин хат халал намрасонад», – гуфтанд дар ширкат.

Бино ба маълумоти ширкат, дар марҳилаи нахуст ба Афғонистон то нимаи баҳор интиқоли на 300 МВт-и қаблан мувофиқашуда, балки аз 10 то 30 МВт нерӯи барқи Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.

«Ҷонибҳо ҳоло бобати дар фасли зимистон интиқол додани барқ ба Афғонистон ба мувофиқа нарасидаанд, зеро дар ин давра худи Тоҷикистон ба камбуди барқ дучор мешавад. Ҳамааш ба имконоти мо вобаста хоҳад буд, – мегӯяд ҳамсӯҳбат. – Пешакӣ гуфта метавонам, ки ба Афғонистон нерӯи барқи дар нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» истеҳсолмешуда интиқол дода мешавад».

Номбурда зикр кард, ки феълан нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» барои нерӯи барқи худ қимати баланд – ҳудуди 2,5 сент пешниҳод мекунад ва ин ҳам дар ҳолест, ки арзиши барқ дар Тоҷикистон барои 1 кВт/соат аз 1,8 сент боло нарафтааст. Др робита ба ин, тасмим гирифта шуд, ки иқтидорҳои нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» барои содирот истифода хоҳанд шуд ва нерӯи барқ бо қимати аз 3,1 то 3,5 сент фурӯхта мешавад.

«Ин кор баҳри он амалӣ мегардад, ки бозори хурд, вале ояндадори Афғонистон аз даст наравад. Пас аз амалишавии лоиҳаи CASA-1000 Афғонистон тамоми сол бо нерӯи барқи Тоҷикистон таъмин мегардад», – гуфтанд дар ширкат.

Тоҷикистон ба Афғонистон дар ҳаҷми начандон зиёд нерӯи барқ интиқол медиҳад. Нерӯи барқи Тоҷикистон танҳо ба шаҳри Қундуз дар ҳаҷми 15 МВТ дар як соат тавассути хати Панҷи Поён интиқол меёбад.

Барои муқоиса: айни замон танҳо дар шаҳри Душанбе дар як беш аз 500 МВт нерӯи барқ истифода мегардад.

Сохтмони хати интиқоли барқи «Сангтӯда-Пули Хумрӣ» соли 2009 тибқи қарзи имтиёзноки пешниҳоднамудаи Бонки осиёгии рушд дар ҳаҷми 21,5 млн. $ ба Тоҷикистон ва 35 млн. $ ба Афғонистон шурӯъ шуд.

Қисмати хати интиқоли барқи Сангтӯда-Пули Хумрӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз соли 2010 ба итмом расида буд. Cохтмони қисмати хат дар Афғонистон (162 километр) шояд ахири соли равон пурра ба анҷом расанд.

Лоиҳаро ҳамчунин Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт – ОПЕК, Бонки исломии рушд, Хазинаи нақшавӣ оид ба барқароркуниву таҷдиди Афғонистон ва ҳукуматҳои Тоҷикистону Афғонистон низ маблағгузорӣ мекунанд.

Тибқи мувофиқаи ҷонибҳо, арзиши нерӯи барқи Тоҷикистон барои Афғонистон 3,5 сент барои як киловатт-соатро ташкил дода, он ҳамасола ба миқдори 2% афзоиш меёбад ва ин ҳам дар ҳолест, ки арзиши 1 киловатт соат барқи Ӯзбекистонро Афғонистон ба қимати 7,5 сент мехарад.  

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...