Бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сохтмони масҷиди ҷомеъи Душанбе, ки барои 115 ҳазор намозгузоранда дар як вақт пешбинӣ шудааст, оғоз ёфт.
Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, Эмомалӣ Раҳмон ба ҷойи сохтмони ин масҷиди ҷомеъи бузург, ки бо харҷи беш аз 100 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои Тоҷикистону Қатар дар зарфи 3-4 соли оянда сохта хоҳад шуд, ташриф оварда, дар оғози корҳои нахустини сохтмон бевосита ширкат варзид. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон шахсан ба экскаватор нишаста, бо кандани сангу шағал ва бор кардани он ба мошини боркаш ба омода кардани зербинои ин масҷиди бузург бевосита оғоз бахшид.
Хотиррасон бояд намуд, ки санги нахустин барои сохтмони ин масҷид моҳи октябри соли 2009 гузошта шуда буд ва то ин вақт мутахассисони варзидаи соҳа аз Тоҷикистону қатар ба омўзиш, таҳқиқу тадқиқ ва омода кардани лоиҳаи Масҷиди ҷомеъи Душанбе машғул буданд.
Иттилоъ дода шуд, ки аз 100 миллион доллари амрикоӣ маблағи барои сохтмони масҷид пешбинигардида, 70 миллионаш аз ҷониби Давлати Қатар ва 30 миллион аз ҷониби Тоҷикистон ҷудо хоҳад шуд. Корҳои сохтмону васлгарӣ аз ҷониби ширкати ватании Сомон-сохтмон анҷом ёфта, дар давраи бунёди масҷид аз 800 то 1000 нафар бинокорони маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин мегарданд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки корҳои сохтмону ороиш бо сифати баланди сатњи ҷаҳонӣ ва бо истифода аз масолеҳи сохтмонии ватанї, аз ҷумла сангҳои ороишии Тоҷикистон анҷом дода шаванд.
Тибқи лоиҳа, ки бо назардошти аносири бостонию муосири санъати меъмории тоҷикӣ ва ҷаҳонӣ омода гардидааст, масҷид аз 4 манораи баландиаш 65 метра, гумбази 47 метра, толори бузург ва толорҳои хурди намозгузорӣ ва толору утоқҳои сершумори дигар иборат хоҳад буд. Тавре зикр гардид, дар толору айвонҳо 50 ҳазор ва дар саҳни ҳавлию атрофи масҷид 60 ҳазор, ҷамъ то 115 ҳазор нафар дар як вақт метавонанд намоз хонанд.
Ба иттилои мутахассисони соҳа, ин бузургтарин масҷиди ҷомеъ дар тамоми қаламрави кишварҳои пасошўравӣ хоҳад буд.