spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Дар шимоли Тоҷикистон нахустин маркази бозомӯзии адвокатҳо ифтитоҳ мегардад


Дар шаҳри Хуҷанд Маркази нахустини такмили ихтисоси адвокатҳо дар Тоҷикистон ифтитоҳ мегардад

.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ҳайати мушовараи адвокатҳои вилояти Суғд Моҳира Усмонова хабар дод, айни замон дар ҷумҳурӣ ниҳоди махсус ё маркази такмили ихтисоси адвокатҳо мавҷуд нест ва ин нахустин маркази омӯзишӣ барои адвокатҳо дар Тоҷикистон мебошад. «Қаблан барномаҳои кӯтоҳмуддати ҷудогона баргузор мешуданд, вале он мураттаб набуд. Барои мо бошад, маркази омӯзиши муттасил зарур аст», – гуфт Усмонова.

Маҳз барои ҳамин, ба қавли ӯ, дар ҳамдастӣ бо Марказ оид ба ҳуқуқи инсон адешаи ифтитоҳи Марказ барои омӯзиши адвокатҳо рӯйи кор омад.

«Дар марҳилаи аввал дар ин ҷо семинарҳо гузаронида мешаванд ва сипас сатҳи нави омӯзиш роҳандозӣ мешавад, зеро донистани таҷрибаи байнулмилалӣ, меъёрҳои қонунгузории миллӣ барои кори адвокатҳо хеле меҳуим аст», – мегӯяд Усмонова.

Баргузории силсилаи аввали семинарҳо дар моҳи ноябри соли равон ба нақша гирифта шудааст. «Ахиран қонунҳои нави зиёде, аз ҷумла Кодекси нави мурофиавӣ-ҷиноии ҶТ, Кодекси мурофиавӣ-граждании ҶТ ва ғайра қабул шуданд. Қонунгузорӣ дар ҳоли тағйир аст ва аз ин тағйирот адвокатҳо бояд ҳамеша огоҳ бошанд, – чунин мешуморад раиси ҳайати мушовараи адвокатҳои вилояти Суғд. — Минбаъд мо ҷиҳати ҷалби созмонҳои байнулмилалӣ ба кори марказ кӯшиш ба харҷ хоҳем дод, то ки омӯзиш дар сатҳи баланд ба роҳ монда шавад».

Ба савол дар бораи шумори умумии адвоктҳо дар ҷумҳурӣ М.Усмонова гуфт, дар ин бора маълумот надорад, зеро дар ин хусус маълумот ё рӯйхати ягонаи адвокатҳо вуҷуд надорад. «Шумори умумии ҳайати мушовараи адвокатҳои вилояти Суғд аз 147 нафар адвоатҳо иборат аст», – афзуд М.Усмонова. 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...