spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Қисмате аз афвшудагон дар Тоҷикистон боз ба «шуғли пешина» бармегарданд


Қисмате аз ашхоси афвшуда дар Тоҷикистон иқдоми башардӯстонаи ҳукуматро қадр накарда, боз даст ба ҷинояткорӣ мезананд.

Бино ба маъолумоти Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлияи ҶТ, то ба имрӯз 4 ҳазору 220 нафар маҳкумшудагон аз муассисаҳои ислоҳотӣ озод карда шудаанд, ки 300 нафарашонро занону ноболиғон ташкил медиҳанд.

«Албатта, содир намудани ҷиноёт миёни афвшудагон ба мушоҳида мерасад, вале омори мукаммал дар ин бора ҳанӯз омода нест», – гуфт манбаъ ва таъкид сохт, ки маъмулан 20-30%-и афвшудагон бо гузашти муддате боз ба муассисаҳои ислоҳотӣ бармегарданд.

Сардори маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ Маҳмадулло Асадуллоев дар робита ба ин масъала мегӯяд, яке аз чунин ҳодисаҳои ҷинояткорӣ бо иштироки шахси чанде қабл афвшуда дар шаҳри Турсунзода ба қайд гирифта шудааст. «Р.А.-и 21-солаи қаблан маҳкумшуда ба даст доштан дар ду ҳодиса ғоратгарӣ гумонбар дониста мешавад. Рӯзи 21-уми октябр дар маркази шаҳри Турсунзода ӯ гарданбанди арзишаш 4,8 ҳазор доллари ИМА-и зани ҷавонеро аз гарданаш канда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад. Баъди чанд рӯзи дигар ӯ гарданбанди тиллоии арзишаш 2 ҳазор доллари ИМА-и зани дигарро бо чунин тарз ғорат мекунад», – гуфт ӯ.

Бино ба маълумоти Асадуллоев, соли равон дар Тоҷикистон 3 ҳазору 709 ҳодисаи дуздӣ ба қайд гирифта шудааст, ки 2 ҳазору 816 ҳодиса ошкор карда шудааст.

Ба андешаи коршиноси мустақил оид ба масоили иҷтимоӣ Фирӯз Саидов, даст задани афроди афвшуда ба ҷиноят ба сатҳи баланди бекорӣ дар кишвар ва мавҷуд набудани давраи мутобиқшавӣ ба ҳаёти нав вобаста аст.

«Аксари афвшудагон дар озодӣ кори муносиб ёфта наметавонанд, зеро муассисаҳои давлатӣ ва сохторҳои тиҷоратӣ аксаран ба кор қабул кардани чунин шахсонро намеписанданд. Ҳамин тариқ, ӯ аз маҳбас озод шуда, сарчашмаи дарёфти ризқу рӯзӣ намеёбад ва минбаъд ҳам аз он умедвор нашуда, боз ба «шуғли пешина» бармегардад. Оне, ки ӯро метавонанд боз зиндонӣ кунанд, барояш муҳим нест, ӯ мехоҳад оилаи худро таъмин созад», – мегӯяд коршинос.

Дар ҳамин ҳол, татбиқи қонуни афв боз муддати се ҳафтаи дигар идома меёбад. Он нисбат ба 15 ҳазор нафар, аз ҷумла 4 ҳазор нафар маҳбусон мавриди амал қарор мегирад.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...