Дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Протоколи ҳамкорӣ оид ба омӯзиши масъалаи ташхиси истеҳсолоти коркарди нахи пахта ва пашм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Протоколи ҳамкорӣ оид ба таҷҳизоти техникаи кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.
Тавре аз хадамоти матбуоти вазорати мазкур хабар доданд, дар ин робита ширкатҳои Конфедератсияи «TUSKON», «Ерсен Текстил» ва «Миллюза групп» масъалаи имконияти бунёди корхонаҳои коркарди нахи пахта ва пашм ва ширкати «IGLI» масъалаи ба роҳ мондани истеҳсоли таҷҳизоти кишоварзиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор медиҳанд.
Мавриди зикр аст, ки охири ҳафтаи гузашта, Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ як гурӯҳ роҳбарони ширкатҳои аъзои Конфедератсияи соҳибкорон ва саноатчиёни «TUSKON»-и Туркияро ба ҳузур пазируфта буд, ки дар ин вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳо дар соҳаҳои энергетика ва саноат мавриди баррасӣ қарор дода шуда буд.