Чанде қабл дар мулоқоти муовини вазири корҳои хоричии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов бо сафири Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон Ҷон Де-Ван масоили вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байнулмилалии Ҷумҳурии Корея (KOICA) мавриди баррасӣ қарор гирифтанд
.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, ҷонибҳо ба масоили ташаккули минбаъдаи заминаи ҳуқуқии қарордодӣ ва ҳамчунин таҳкиму густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои иқтисоду фарҳанг ва илму маориф таваҷҷӯҳ зоҳир сохта, атрофи масоили муҳими минтақа табодули афкор намуданд.