Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо мулоқоти вазир Шариф Раҳимзода бо Сафири Ҷумҳурии Федеролии Олмон хонум Дорис Хертрампф баргузор гардид.
Тавре аз хадамоти матбуоти кумитаи мазкур хабар доданд, дар оғоз Сафири ҶФО хонум Дорис Хертрампф Шариф Раҳимзодаро барои таъйин шуданаш ба вазифаи Вазири рушди иқтисод ва савдо табрику таҳният намуда, изҳори итминон намуд, ки дар оянда низ ҳамкории Вазорат бо ниҳодҳои иқтисодии Олмон ривоҷ хоҳанд ёфт.
Дар навбати худ Шариф Раҳизода барои табрикот ва робитаҳои гуногунҷанбаи ҷониби Олмон дар соҳаҳои мухталифи иқтисодию иҷтимоӣ ва илмию фарҳангӣ арзи миннатдорӣ баён намуда, таъкид намуд, ки Тоҷикистон манфиатдор аст бо кишварҳои мутараққии ҷаҳон, аз ҷумла ҶФО робитаҳои иқтисодиашро густариш диҳад. «Махсусан, мо омода ҳастем, ки дар самти татбиқи лоиҳаҳои муштарак ҷиҳати бунёди ҷойҳои нави корӣ дар Тоҷикистон ҳамкориро вусъат диҳем,- афзуд вазири рушди иқтисод ва савдо. Дар ҷараёни мулоқот самтҳои дигари ҳамкориҳои иқтисодии барои тарафайн судманд мавриди арзёбӣ қарор гирифта, ба омодагиҳо ҷиҳати баргузории Конфронси панҷуми ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (PECCA V), ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, таваҷҷӯҳи бештар дода шуд.