Президенти Тоҷикистон ба муносибати ба мақоми президенти Русия интихоб шудан ба Владимир Путин паёми табрикотӣ ирсол кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, дар паём зикр мегардад, ки «изҳори иродаи мардуми рус аз дастгирии густардаи аҳолии Русия нисбат ба сиёсати ҳамаҷониба андешидашудаву пешгирифтаи Шумо гувоҳӣ медиҳад, ки ба рушди минбаъда ва таҷдиди ҷомеа, таҳкими хамаҷонибаи нуфузи Русияи дӯст дар арсаи байнулмилалӣ, ки Тоҷикистон муносиботи шариконаи стратегӣ дорад, равона гардидааст».
Бино ба иттилои манбаъ, дар паёми табрикотӣ сарвари давлати Тоҷикистон ҳамчунин изҳори боварӣ кардааст, ки сари мансаби олии Русия ҳузур доштани Путин ба рушди минбаъдаи муносибатҳои мутақобилаи Русияву Тоҷикистон дар ҷабҳаҳои гуногун мусоидат менамояд.
Намояндаи хадамоти матбуот таъкид кард, ки дар паём ҳамчунин баён мегардад, ки Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Русия ба густариш бахшидани муносибатҳои ҳамкории дуҷониба омода аст.