spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Дастурҳои президент бобати вусъат додани киштукори баҳорӣ


Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо раисони вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарони як қатор вазорату идораҳо ва масъулони Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат машварати корӣ доир намуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, дар машварат масоили вобаста ба вусъат додани киштукори баҳорӣ, пешгирии офатҳои эҳтимолии табиӣ ва омодагӣ ба тирамоҳу зимистони оянда баррасӣ шуд.

Сарвари давлат бо назардошти тӯл кашидани зимистони имсола ва қафо мондани оғози киштукори баҳорӣ аз масъулини ҷумҳуриявию маҳаллӣ талаб намуд, ки аз ҳар рӯзи офтобӣ ва ҳавои мусоид пурсамар истифода баранд, то ки тамоми заминҳои корам кишт карда шаванд. Таъкид гардид, ки барои ин ба кишоварзон ҳамаҷониба кумак бояд кард.

Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, зимистони тӯлонии гузашта ва мушкилоти зиёди пешовардаи он, хусусан барои чорводорон собит намуд, ки захираи дусолаи маводи ғизоӣ ва сӯзишворӣ доштан то чи андоза зарур аст. Аз ин хотир таъкид гардид, ки аз ҳозир барои афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзию саноатӣ ва фаровон захира намудани он барои зимистон аз тамоми имкону захираҳои мавҷуда истифода карда шавад.

Ба роҳбарони тамоми шаҳру ноҳияҳо ва масъулини ҷумҳуриявӣ дастур дода шуд, ки барои огоҳсозии мардум аз хатари обхезию дигар офатҳои табиӣ ва амалисозии чораҳои саривақтӣ ситодҳои доимамалкунанда таъсис дода, онҳоро бо мутахассисони кордон ва техникаю таҷҳизоти зарурӣ таъмин намоянд.

Супоришҳои мушаххас, ҳамчунин доир ба вусъат додани корҳои созандагию ободонӣ, ба таври шабонарӯзӣ ба роҳ мондани фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорон ва муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ дода шуд.

Ҳамчунин  Эмомалӣ Раҳмон бо аъзои Ҳукумати кишвар, роҳбарони идораҳои назди Ҳукумат, масъулони Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат ва дигар шахсони дахлдор машварати корӣ доир намуд.

Дар машварат масоили вобаста ба тезондани киштукори баҳорӣ, омодагӣ ба обхезию дигар офатҳои табиӣ ва вусъат додани кори корхонаҳои саноатӣ баррасӣ шуд.

Доир ба масоили номбурда гузориши Муовини сарвазири кишвар Муродалӣ Алимардон ва дигар шахсони масъул шунида шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки барои тезондани киштукори баҳорӣ, таъмини кишоварзон бо техникаю механизмҳои зарурӣ, тухмиҳои хушсифат ва нуриҳои минералӣ аз тамоми имкону захираҳои мавҷуда истифода карда шавад. Аз ҳозир барои афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва барои тирамоҳу зимистони оянда фаровон захира кардани неъматҳои моддӣ чораҳои зарурӣ андешида шаванд.

Дар робита ба эҳтимолияти баланди фурӯд омадани тарма ва ярч, обхезиҳои баъди обшавии барфи беандоза зиёди имсола ва боронҳои шадиди баҳорӣ дастур дода шуд, ки дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар ситодҳои омодагӣ ва огоҳсозии мардум аз хавфи офатҳои табиӣ таъсис дода шаванд. Таъкид гардид, ки барои огоҳсозии мардум аз хатари офатҳои табиӣ ва амалисозии чораҳои саривақтӣ воситаҳои ахбори омма ва дигар имконоти мавҷуда бояд васеъ ҷалб шаванд.

Вобаста ба гармшавии тадриҷии ҳаво, зиёдшавии оби дарёҳо ва дар рӯзҳои наздик кам шудани маҳдудияти таъминоти нерӯи барқ дастур дода шуд, ки корхонаҳои саноатӣ баъди бемаҳдудият гирифтани нерӯи барқ корро шабонарӯзӣ, дар се баст ташкил намуда, истеҳсоли маҳсулотро афзун созанд.

 Дастуру ҳидоятҳо, ҳамчунин доир ба бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, амалӣ намудани дигар тадбирҳо ва муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ дода шуд.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...