Бақияи умумии қарзҳои аз ҷониби муассисаҳои молиявии қарздиҳӣ пешниҳодшуда дар Тоҷикистон дар охири феврали соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,7 фоиз афзуда, 4, 35 млрд.. сомонӣ (ҳудуди 920 млн. $)-ро ташкил намуд.
Тавре аз хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, аз он ҷумла, бо пули миллӣ 1 861,2 млн. сомонӣ ва бо асъори хориҷӣ 2 495,4 млн. сомонӣ қарз дода шудааст.
Ба иттилои манбаъ, дар таркиби бақияи қарзҳо 30,2 фоиз ё 1 317,6 млн. сомониро ҳиссаи қарзҳои дарозмуддат ташкил доданд, ки нисбат ба соли қаблӣ 3,1 фоиз зиёд шуд. «Дар ду моҳи аввали соли равон фоизи миёнавазни қарзҳо дар низом бо пули миллӣ 19,79 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 24,01 фоизи солонаро ташкил намуд», – гуфтанд дар хадамоти матбуоти БМТ.
Зикр гардид, ки бинобар афзоиши талабот ба маблағҳои озод, ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда дар моҳҳои мазкур нисбати ҳамин давраи соли қаблӣ 33,2 фоиз зиёд гардида, ба 447,3 млн. сомонӣ баробар шуд. «Аз ҷумла, 90,7 млн. сомонӣ ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон қарз дода шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 26,9 фоиз зиёд аст», – афзуд манбаъ.