Ӯзбекистону Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки ба тадбирҳои эътимоду субот дар марзҳои давлатии миёни кишварҳо таҳким бахшанд, иттилоъ медиҳад хабаргузории РИА Новости бо истинод ба як намояндаи Кумитаи ҳифзи марзҳои давлатии Хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистон.
Зикр мегардад, ки дар ҷараёни вохӯрии корӣ дар минтақаи наздимарзии шаҳри Бекобод мақомоти раҳбарии нерӯҳои марзбонии Тоҷикистону Ӯзбекистон вазъи мавҷуда дар марзҳоро баррасӣ намудаанд. Дар гуфтушунид аз ҷониби Тоҷикистон фармондеҳи неруҳои марзбонии Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо ва аз ҷониби Ӯзбекистон фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистон генерал-майор Руслан Мирзоев ширкат варзидаанд.
Гуфта мешавад, аз ҷумла як қатор тартиботи марбут ба таъмини убури шаҳрвандони алоҳида тавассути марзи давлатӣ ҳангоми сафарҳои мутақобила, транзит дар қаламрави наздимарзӣ ва ғайра дубора мавриди бозбинӣ қарор мегирад.