Чанде қабл дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо ҳайати Шӯрои миллии Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба энергетика ва барқ, бо роҳбари муовини сардори Институти умумихитоии илмӣ-тадқиқотӣ оид ба нерӯи барқ Ҷаноби Сюй Сяодун баргузор гардид.
Чӣ тавре ки аз хадамоти матбуоти вазорати мазкур хабар доданд, вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Гул Шералӣ оид ба захираҳои энергетикии ҷумҳурӣ, шароити таъмини ҷумҳурӣ бо нерӯи барқ, маҳдудияти он дар фасли тирамоҳу зимистон ва имконияти тавлиди зиёди нерӯи барқ дар мавсими тобистон, сохтмони ХИБ-ҳо дар ҷумҳурӣ, лоиҳаи минтақавии CASA – 1000 ибрози назар намуда, ба роҳ мондани ҳамкориҳоро миёни ду кишвар дар самти энергетика ва саноат мавриди мақсад арзёбӣ намуд.
Ҷаноби Сюй Сяодун пешниҳоди лоиҳаҳоро дар соҳаҳои энергетика, саноат ва баррасӣ намудани онҳоро дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба ва кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай муҳим арзёбӣ намуда, ҳамчунин оид ба масъалаҳои сармоягузорӣ, густариши муносибатҳои мутақобилан судманди ду кишвар дар соҳаи энергетика, барқ ва дар доираи кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ибрози назар намуд.
Ҷонибҳо аз натиҷаҳои вохурӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамчунин иброз доштанд, ки ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои зикргардида минбаъд густариш хоҳад ёфт.