Бонки таҷдид ва рушди Аврупо ҷиҳати бунёди ду анбори гумрукӣ ба вазорати кишоварзӣ кӯмак хоҳад кард

            Душанбе. 25-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар мулоқоти вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қосим Қосимов бо ҳайати намояндагони Бонки таҷдид ва рушди Аврупо масоили рушди соҳаи пахтакории кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ба ҳайати намояндагони бонк президенти «Вока консулт» Красимир Киряков, мушовир Лилия Велчева ва таҳлилгар Муҳаммад Додобоев шомиланд.             Тавре сухангӯи вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ Нарзулло […]

Мавҷуда Ҳасанова



           

Душанбе. 25-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар мулоқоти вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қосим Қосимов бо ҳайати намояндагони Бонки таҷдид ва рушди Аврупо масоили рушди соҳаи пахтакории кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ба ҳайати намояндагони бонк президенти «Вока консулт» Красимир Киряков, мушовир Лилия Велчева ва таҳлилгар Муҳаммад Додобоев шомиланд.





           

Тавре сухангӯи вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ Нарзулло Додобоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, зимни мулоқот вазири кишоварзии ҷумҳурӣ изҳор доштааст, ки ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри ҳалли масъалаи қарзи хоҷагиҳои пахтакор Маркази идораи лоиҳаҳои ҳалли қарзи хоҷагиҳо ва рушди устувори соҳаи пахтакорӣ таъсис додааст. Дар ин лоиҳаҳо ҷалби сармояҳои хориҷӣ ҷиҳати таҳияи асноди таъсиси анборҳои гумрукӣ пешбинӣ шудааст ва сафари намояндагони бонк низ бо ҳамин мақсад амалӣ мегардад.




           

Бино ба иттилои манбаъ, дар мулоқот зикр гардидааст, ки барои ташкили анборҳои гумрукӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон биноҳо ҷудо карда шуданд ва соли оянда кушода гардидани онҳо ба нақша гирифта шудааст. Дар ин анборҳо нахи пахта нигаҳҳдорӣ хоҳад шуд. Қ.Қосимов изҳори боварӣ намудааст, ки барои нигаҳдории дигар навъи маҳсулоти кишоварзӣ низ чунин анборҳо сохта хоҳанд шуд.




           

Намояндагони бонк тӯли як ҳафта бо биноҳои ҷудогардида барои ташкили анбор аз наздик ошно хоҳанд шуд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Меҳрубон Назарову Гурминҷ Завқибеков ва Марям Исоева то даргузашти Бозор Собир ва Рӯзи меҳнаткашон

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.