Имрӯз дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон мулоқоти директори Агентӣ, генерал-лейтенанти милиса Рустам Назаров бо сафири Покистон дар Тоҷикистон ҷаноби Амҷад Ҳусайн Сиал баргузор шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентии мазкур хабар доданд, бо назардошти ҳаммарз будани Тоҷикистону Покистон бо Афғонистон, дар ҷараёни мулоқот масоили роҳандозии чорабиниҳои муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҳарду кишвар дар самти пешгирии қочоқи маводи мухаддир аз ин кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ба иттилои манбаъ, сафири Покистон дар Тоҷикистон масъалаи баррасии имконоти дар нимаи дуюми соли 2012 дар Покистон баргузор намудани машварат оид ба таҳияи чорабиниҳои муштарак бо кишварҳои ҳаммарз бо Афғонистонро пешниҳод карда, Тоҷикистонро ба иштирок дар машварат даъват кардааст.