Мораторияи оташбас аз ҷониби нерӯҳои ҳукуматӣ дар шаҳри Хоруғ то ахири рӯз тамдид ёфт.
Аз аъзои гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ қотеъона ба замин гузоштани аслиҳа ва таслим кардани гумонбаршудагон ба қатли сардори Раёсати КДАМ дар ВМКБ генерал-майор Абдулло Назаров талаб карда шудааст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ хабар дод, ҳамчунин намояндагони мақомоти давлатӣ бо аҳолии маҳаллӣ суҳбатҳо доир намуда, аз онҳо даъват менамоянд, ки баҳри барқарор кардани субот кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Ёдрас мекунем, ки субҳи рӯзи 24-уми июл дар шаҳри Хоруғ ва гирду атрофи он амалиёти махсуси сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ оид ба нобуд сохтани гурӯҳи Толиб Айёмбеков оғоз гардид, ки аъзои он ба қатли генерал Назаров гумонбар дониста мешаванд.
Тибқи маълумоти расмӣ, дар ҷараёни амалиёт 12 нафар кормандони сохторҳои қудратӣ ва 30 нафар ҷангиёни гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ҳалок ва боз 40 нафар аъзои дастаҳои ғайриқонунӣ боздошт шудаанд. Миёни аҳолӣ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои ғайрирасмӣ, шумори ҳалокшудагон миёни аҳолии осоиштаи шаҳри Хоруғ аз 20 то 30 нафарро ташкил медиҳад.