Кормандони намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия аз Маркази нигоҳдории шаҳрвандони хориҷии Сарраёсати умури дохилии шаҳри Маскав боздод намуданд.
Дар ин марказ шаҳрвандони хориҷие, ки аз ҷониби Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия барои қонуншиканӣ дар бахши муҳоҷират боздошт шудаанд, муваққатан нигоҳ дошта мешаванд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия хабар доданд, дар маркази мазкур барои нақзи қонунгузории маъмурӣ ва муҳоҷират 106 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон қарор доранд.
«Миёни онҳо шаҳрвандоне ҳузур доранд, ки ҳанӯз солҳои 1987-1990 Тоҷикистонро тарк гуфта, шаҳрвандии ҳеҷ кадоме аз кишварҳои пасошӯравиро надоранд ва муддати тӯлонӣ дар қаламрави Русия ба сар мебаранд», – гуфтанд дар намояндагӣ.
Ба иттилои манбаъ, намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия дар ҳамдастӣ бо хадамоти консулгарии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия ният дорад, ки бо мақомоти дахлдори Русия мушкилоти чунин шаҳрвандони ҷумҳуриро ҳал намояд.
Дар ҳамин ҳол, зикр гардид, ки ҳангоми боздид аз Маркази нигоҳдории шаҳрвандони хориҷии Сарраёсати умури дохилии шаҳри Маскав ошкор шудааст, ки дар ин ҷо сокини 24-солаи ноҳияи Тоҷикобод Юсуф Шодиев қарор дорад, ки аз моҳи феврали соли 2012 бе ному нишон гумшуда шуморида мешуд.