Мурофиаи судӣ нисбат ба иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати фаврӣ-ҷустуҷӯйии Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ Равшанбек Мирзоаҳмедов дар арафаи анҷомёбист. Ҳамроҳи ӯ дар курсии айбдорӣ ду нафар шаҳрвандони касбу кори дигар низ ҳузур доранд.
Чанде қабл дар Суди Олӣ айбдоршавандагон сухани охирини худро изҳор дошта, сипас суд ба хонаи машвратӣ хориҷ шуд. Интизорӣ меравад, ки рӯзҳи наздик ҳукми суд эълон хоҳад шуд.
Равшанбек Мирзоаҳмедов дар сухани охирин аз суд дархост намуд, ки бегуноҳиаш эътироф гардида, ӯ аз толори суд озод карда шавад. «Ман ба қонуншиканӣ даст назада, танҳо кори худро ба иҷро расонидам. Дар зарфи ду рӯз бо кӯмаки маълумоти расонидаи ду нафаре, ки ҳамроҳи ман дар курсии ҷавобгарӣ қарор доранд, 145 кило маводи мухаддир мусодира гардид.Гурӯҳи тафтишотӣ чизеро исбот карда натавонист. Ман намефаҳмам, ки барои чӣ маро лозим омад 5 моҳро дар тавқифгоҳи муваққатӣ паси сар намоям», – гуфт вай.
Ду нафари дигари айбдоршавандагон аз суд хоҳиш намуданд, ки парвандаи ҷиноӣ дубора мавриди бозбинӣ қарор дода шавад, зеро нақши онҳо дар ин ҳолат танҳо ба мусоидат ба АНМН дар мусодираи маводи мухаддир ифода меёбад.
Дар ҳамин ҳол, айбдоркунандаи давлатӣ барои Мирзоаҳмедов 22 сол ва барои ду нафари дигари судшавандагон 18 соли ҳукми зиндонро талаб намуд.
Хешовандону дӯстон ва ҳамкорони Мирзоаҳмедов, ки барои дастгирии ӯ қариб дар ҳамаи мурофиаҳои судӣ ҳузур доранд, низ тасдиқ менамоянд, ки айби ӯ бо ягон модда собит нашудааст.
Адвокати яке аз айбдоршавандагон Дилбар Ӯрунова мегӯяд, ҳеҷ далели даст доштани айбдоршавандагони дар содир намудани ҷиноятҳои ба онҳо пешниҳодшуда мавҷуд нест. «Онҳо ҳангоми баргузории амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ боздошт шуданд. Дар ҷараёни мурофиаи судӣ зерҳимояи ман изҳор кард, ки баёноти иқрори гуноҳ таҳти фишор ва истифодаи шиканҷа гирифта шудаанд. Ба гуфтаи вай, ӯро мавриди латукӯб қарор дода, сипас ба ҷисмаш нерӯи барқро пайваст кардаанд», – гуфт адвокат.
Ёдрас мекунем, ки 18-уми июл дар Суди олии ҷумҳурӣ нисбат ба сардори Раёсати фаврӣ-ҷустуҷӯйии Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ (АНМН) Равшанбек Мирзоаҳмедов ва ду нафар шаҳрвандони қаторӣ мурофиаи судӣ оғоз гардид.
Полковники АНМН ба суистеъмол аз ваколатҳои мансабӣ, баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва сохтакории далелҳо муттаҳам карда мешавад. Парвандаи ҷиноӣ нисбат ба Мирзоаҳмедов дар робита ба як чорабинии фаврӣ оид ба мусодираи миқдори зиёди маводи мухаддир боз гардид, ки ба андешаи тафтишот, бо риоя накардани муқаррароти қонунгузорӣ сурат гирифтааст.
Мирзоаҳмедов аввали моҳи марти соли равон аз ҷониби кормандони Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ боздошт шуда буд.