Дар Раёсати ҷустуҷӯии ҷиноии Сарраёсати ВКД Русия дар шаҳри Маскав воҳиди махсуси мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ таъсис дода шуд, – иттилоъ медиҳад хабаргузорри РБК бо такя ба хадамоти матбуоти пулиси пойтахти Русия. Дар ин воҳид 71 нафар кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ба фаъолият машғул хоҳанд шуд.
Бино ба иттилои хабаргузорӣ, чунин воҳидҳо дар ҳайати шуъбаҳои ҷустуҷӯи ҷиноӣ дар сатҳи Раёсатҳои корҳои дохилиии ҳавзаҳо низ ба кор шурӯъ мекунанд. Воҳидҳои нав аз ҳисоби тақсимоти дубораи шумори ҳайати шахсӣ ташкил карда шуданд.
Тибқи маълумоти оморӣ, дар Русия танҳо дар соли 2011 барои ғайриқонунӣ ба кор қабул кардани шаҳрвандони хориҷӣ 22,7 ҳазор нафар шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб карда шуданд. Дар ин давра ҳукуматдорони Русия 40 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷиро аз қаламрави кишвар хориҷ намудаанд.
Гуфта мешавад, Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар шаҳри Маскав пешниҳод кардааст, ки заминаи ягонаи маълумот дар бораи вазъи саломатии муҳоҷирон ташкил гардад, то ки дар асоси он масъалаи қабули қарор бобати ба шаҳрванди хориҷӣ додани иҷозатномаи фаъолият дар Русия ҳаллу фасл карда шавад.