Ташкилоти ҷамъиятии CAMP «Кӯҳистон» бо дастгирии созмони хайрияи OXFAM (Британияи Кабир) аз журналистон касбӣ даъват ба амал меоварад, ки дар озмуни байнулмилалӣ таҳти унвони «Идораи устувори захираҳои замин» ширкат варзанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ташкилоти мазкур хабар доданд, журналистон ва идораи рӯзномаҳое, ки хоҳиши иштирок дар озмунро доранд, нусхаи аслии мавод, сабтҳои аудио ва видеоиро бо забони русӣ пешниҳод менамоянд. Маводи ирсолшуда тақриз ва баргардонида намешаванд.
Маводи беҳтарин аз ҷониби аъзои комиссияи озмун тариқи овоздиҳии мустақим муайян карда мешавад. Зимни баҳодиҳӣ ба мавод ба сатҳи касбият ва муҳимияти инъикоси масоилу мушкилоти истифодаи технологияҳои сарфаи обу хок, ноил гардидан ба устувории истифодаи замин, рушди ҷомеа ва робитаи мутақобилаи он бо муҳити зист ва рушди бахши кишоварзӣ таваҷҷуҳ зоҳир мешавад.
Аз 4 то 6-уми октябри соли равон дар Душанбе таҳти унвони «Идораи устувори захираҳои замин – афзалият барои ҷамоатҳои кӯҳӣ» ҳамоиш доир гардида, дар доираи он ғолибони озмуни мазкур бо ифтихорномаву диплом ва туҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ хоҳанд шуд.
Маводи интишоршуда дар ВАО дар давраи аз 1-уми апрел то 20-уми сентябри соли 2012 ва анкетаи иштирокчӣ на дертар аз 25-уми сентябри соли 2012 бояд ба суроғаи элекронии кумитаи тадорукоти озмун –
[email protected]
фиристода шаванд. Ба ин суроға ҳамчунин метавон суолҳои гуногун дар бораи озмунро низ ирсол намуд.