Корманди кумитаи заминсозии ноҳияи Истаравшан бо пора ба даст афтод.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва муборизаи ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, ӯро кормандони раёсат ҳангоми гирифтани 1,4 ҳазор доллари ИМА пора бо далели шайъӣ дастгир намудаанд.
«Ин маблағро мутахассиси кумитаи заминсозии ҷамоати Зарҳалоли ноҳияи Истаравшан К.М. барои ҷудо кардани 0,06 га қитъаи замин аз сокини маҳаллӣ А.Б. талаб кардааст», – гуфтанд дар раёсат.
Ба иттилои манбаъ, аз рӯйи ин далел нисбат ба боздоштшуда мутобиқи моддаи 319-и КҶ ҶТ (Шахсан гирифтани пора аз ҷониби шахси мансабдор ё тавассути миёнарав) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Бино ба маълумоти Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва муборизаи ҶТ дар вилояти Суғд, дар нимсолаи аввали соли равон дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 23 далели гирифтани пора аз ҷониби шахсони мансабдор (ҳамин давраи соли гузашта – 22 далел) ба қайд гирифта шудаст.