Соли ҷорӣ дар Душанбе бояд ду бинои дегхонаи иловагӣ ба истифода дода шавад, ки ба таъмини аҳолии пойтахт бо гармии мутамарказ ва оби гарм имкон муҳайё месозад. Дар ин бора зимни вохӯрии «Бидуни миёнаравон»-и раиси пойтахт бо сокинон Маҳмадсаид Убайдуллоев иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, дегхонаҳои иловагӣ аз ҷониби ширкати «Барқи тоҷик» сохта мешаванд, ки дар навбати худ аз мақомоти шаҳрдорӣ дар ҳаҷми якчанд млн. сомонӣ қарздор аст. «Айни замон мо аз ширкати «Барқи тоҷик» пардохти маблағи қарзро талаб карда наметавонем, зеро ин ширкат дар навбати аввал бояд қарзҳояш ба нерӯгоҳи «Сангтӯда-1»-ро пардохт кунад, – изҳор дошт раиси пойтахт. – Мақомоти раҳбарии ширкат ба мо ваъда доданд, ки ду дегхонаи иловагӣ ба истифода дода мешавад, вале ман боварӣ надорам, ки то ахири сол сохтмони он ба анҷом расад, зеро фурсат кам мондаву корҳо дар ин самт ба мушоҳида намерасанд».
Раиси пойтахт таъкид кард, ки дегхонаҳои мазкур бо истифода аз сӯзишвории моеъи сунъӣ кор хоҳанд кард, яъне «ин маънои онро дорад, ки аз ангишт сӯзишвории сунъӣ истеҳсол карда мешавад».
Ёдрас мекунем, ки зимистони соли гузашта дар пойтахт ҳамагӣ ду дегхона фаъолият намуда, сокинони ноҳияҳои Шоҳмансур ва Исмоили Сомонӣ қисман бо гармӣ ва оби гарм таъмин карда шуданд. Аҳолии боқимондаи шаҳр муддати чандин сол аст, ки барои гармии манзилҳо аз бухориҳои барқӣ истифода мекунанд.
Қобили зикр аст, ки Маркази барқу гармидиҳии Душанбе бо иқтидори 198 МВт соли 1968 мавриди истифода қарор гирифта буд. Дар он гази табиӣ сузишвории асосӣ буда, ба сифати сӯзишвории эҳтиётӣ мазут истифода мешавад.